Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев ба Федерика Могеринӣ нишони "Дӯстӣ" дод


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 2 июл намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ Федерика Могериниро барои "саҳми назаррасаш дар рушди муносибатҳои дуҷониба" бо нишони "Достиқ" (Дӯстӣ) қадрдонӣ кард.

Могеринии 46-сола аз соли 2014 ба ин сӯ дар мақоми намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ ифои вазифа мекунад. Вай ҳамчунин муовини раиси комиссияи Аврупо аст.

Иттиҳоди Аврупо ва мақомоти Қазоқистон моҳи декабри соли 2015 созишномаи рушди шарикӣ ва муносибатҳои дуҷонибаро имзо карданд. Ин санад, ки аз сӯи вазири вақти умури хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов ва Федерика Могеринӣ имзо шуда буд, ҳамкориҳоро дар 29 бахш, аз ҷумла иқтисод ва тиҷорат пешбинӣ мекунад.

​Мақомоти Қазоқистон дар гузашта раиси пешини комиссияи Аврупо Жозе Мануэл Баррозуро низ бо нишони "Дустӣ" қадрдонӣ карда буданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG