Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати созишномаи интиқоли гази Туркманистон ба Русия ба поён расид


Муҳлати созишномаи муваққатии ширкати русии "Газпром" бо "Туркмангаз" барои харидории гази Туркманистон 1 июл ба поён расид.

Пештар хабар дода шуд, ки ҷонибҳо барои имзои қарордоди нави панҷсола омодагӣ мебинанд. Нашрияи "Хроника Туркменистана" бо истинод ба муовини вазири энержии Русия Анатолий Яновский миёнаҳои моҳи майи соли равон иттилоъ дод, ки сухан аз харидории 10 млрд метри мукааб газ дар сол меравад. Вале дар ҳоли ҳозир дар бораи тамдиди муҳлати созишнома хабар дода намешавад.

Ин расона иттилоъ дода буд, ки "Газпром" баъди аз саргирии харидории гази Туркманистон дар миёнаҳои моҳи апрели имсол гуфт, тасмим дорад, то 30 июн аз Туркманистон беш аз 1 млрд метри мукааб газ бихарад.

"Газпром" ибтидои соли 2016 харидории гази туркманиро қатъ карда буд. Он замон миёни ду кишвар баҳсҳое бар сари нархи газ ба миён омада, ҷонибҳо якдигарро дар нақзи созишномаҳо айбдор карданд.

Аз ҷумла, ҷониби Туркманистон ширкати русиро ба он айбдор кард, ки аз ибтидои соли 2015 пули гази гирифтаашро надодааст.

"Газпром" тайи даҳсолаҳои ахир харидори асосии гази Туркманистон шумурда мешавад.

XS
SM
MD
LG