Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё мумкин аст, аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шавад


Вазирони умури хориҷии Эрон ва Бритониё.

Ҷеремӣ Хант, вазири корҳои хориҷии Бритониё рӯзи душанбе гуфт, Лондон метавонад, аз иҷрои созишномаи ҳастаӣ бо Теҳрон хориҷ шавад.

Хант яке аз ду довталаби мақоми сарвазирии Бритониё аст. Ин эҳтимолро вай баъди эъломи мақомоти Эрон рӯи даст гирифт, ки гуфтанд, сарфи назар аз созишномаи ҳастаии соли 2015, ғанисозии уранро аз сар мегиранд.

Доналд Трамп, президенти ИМА ҳам гуфт, Эрон "бо оташ бозӣ мекунад". Трамп афзуд, ҳарфе барои гуфтан надорад, аммо Теҳрон хуб дарк мекунад, ки чи коре анҷом медиҳад.

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, Теҳрон ба сатҳи лозимии ғанисозии уран расидааст. Хабаргузории нимарасмии "Форс" рӯзи 1-уми июл навишт, ки Созмони Энержии Атомии Эрон тасдиқ кард, ки захираи ураниуми ғанишуда аз 300 килограм зиёдтар шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG