Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори пешини Бишкек мехоҳад зидди Отамбоев гирдиҳамоӣ ташкил кунад


Наримон Тюлеев, шаҳрдори пешини Бишкеки Қирғизистон гуфт, бо ҳадафи ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани Алмосбек Отамбоев, президенти собиқи он кишвар ситод ташкил мекунад. Вай афзуд, ситод ба хотири "таъмини қонуният ва субот дар кишвар" таъсис мешавад.

Ба гуфтаи Тюлеев, ситод ангезаи сиёсӣ нахоҳад дошт ва ҳадафҳои ҳеч кадом аз ҷонибҳоро дунбол нахоҳад кард. "Мо ҷонибдори ҳукумат ва Ҷеенбеков нестем ва бо Отамбоев ҳам мухолифат надорем. Мо танҳо амалисозии қонунро мехоҳем",-гуфт вай.

Шаҳрдори пешин аз Роза Отунбоева, президенти пешин, ҳамаи неруҳои сиёсӣ ва дигарон даъват кард, ки "муносибати воқеии мардумро ба фаъолиятҳои тахрибкоронаи Отамбоев нишон диҳанд". Ба хотири исботи "амалҳои иштибоҳӣ"-и Отамбоев ситоди мазкур тасмим дорад, то қароргоҳи президенти пешин роҳпаймоӣ ташкил кунад.

Рӯзи 27 июн порлумони Қирғизистон дахлнопазирии Алмосбек Отамбоевро бекор кард. Чунин тасмим ба мақомоти қудратӣ иҷозат медиҳад, ки Отамбоевро ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб кунанд. Президенти пешини Қирғизистон бовар дорад, ки ба ин тартиб, ҳукумати феълӣ мехоҳад, рақиби сиёсиашро аз саҳна дур созад.

Қарор аст рӯзи 3 июл дар шаҳри Бишкек гирдиҳамоии осоишта баргузор шавад. Отамбоев низ тасмим дорад, дар он гирдиҳамоӣ ширкат варзад.

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG