Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захмӣ шудани даҳҳо тан дар таркиши Кобул


Тибқи гузоришҳо, субҳи 1-уми июл таркиши сахте пойтахти Афғонистон шаҳри Кобулро ларзонд. Дар пайи ин таркиш, миёни ҳамлаварон ва нерӯҳои амниятии афғон даргириҳо сурат гирифтааст.

Нусрат Раҳимӣ, суханӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфтааст, ки таркиш дар минтақаи Пули Маҳмудхон сурат гирифтааст. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати тандурустии Афғонистон, то ба ҳол 38 захмӣ ба ин бемористонҳо интиқол дода шуда ва имкон дорад, ки мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" маҷрӯҳони бештарро ба шифохонаҳо интиқол диҳанд. Як корманди бахши имдодӣ гуфтааст, ки шумораи маҷрӯҳон ба 50 нафар мерасад.

Муҳаммад Карим, як масъули пулис мегӯяд, мошини бамбгузоришуда дар берун аз бинои вазорати дифоъ ва қабл аз он, ки ҳамлаварон дохили бино шаванд ва ба тирандозӣ оғоз кунанд, мунфаҷир шуд. Пулис мегӯяд, ки нерӯҳои вижаи пулис маҳали ҳодисаро иҳота кардаанд. То ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Дар гузашта Толибон ва "Давлати исломӣ" масъулияти чандин ҳамлаҳои маргбор дар пойтахти Афғонистонро ба дӯш гирифта буданд.

Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки аз ду рӯз ба ин тараф дар Давҳа -- пойтахти Қатар, даври ҳафтуми музокирот миёни Амрико ва гурӯҳи Толибон барои поён додани ҷанг дар Афғонистон идома дорад.

XS
SM
MD
LG