Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон:"Супурдани S-400 ба Туркия 10 рӯзи оянда оғоз мешавад"


Раиси ҷумҳури Туркия мегӯяд, ки нахустин бахш аз системаи дифои мушакии S-400 давоми 10 рӯзи оянда ба кишвараш таслим карда мешавад. Эрдуғон бо вуҷуди эътирозҳои пайдарпайи Амрико гуфта буд, ки Вашингтон таҳриме алайҳи Анқара ҷорӣ нахоҳад кард.

Мавзӯи қарордоди харид ва сипас пофишории Туркия барои дарёфти системаи дифои мушакии S-400 аз Русия, яке аз масъалаҳои аслии таниши ахир байни Анқара ва ҳампаймонҳояш дар НАТО ва ба таври мушаххас Амрико ба шумор меравад.

НАТО ва Амрико мегӯянд, системаи дифои мушакии S-400 аз сӯи як кишвари рақиби Паймони Атлантикаи Шимол, дар як кишвари узви ин паймон, таҳдиде барои ҳавопаймои пешрафтаи ҷангии F-35 аст, ки Туркия низ дар сохтани он иштирок дорад. Туркия ин иттиҳомро рад карда ва мегӯяд, агар чунин буд, бояд то кунун ва дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар ҷойҳои дигар, монанди Сурия ин таҳдид бармало мешуд.

Сафири Амрико дар Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО авоили ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки агар дарёфти системаи дифои мушакии S-400 аз сӯи Туркия қатъӣ шавад, Анқара истифода ва иштирок дар тарҳи тавлиди ҳавопаймоҳои ҷангии F-35-ро аз даст хоҳад дод. Кохи Сафед низ гуфтааст, Доналд Трамп "нигаронии худро иброз кард" ва "Туркияро ба ҳамкорӣ бо Амрико дар заминаи дифоӣ, барои афзоиши тавонмандиҳои НАТО, ташвиқ намуд".

Аммо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, рӯзи шанбеи 29-уми июн дар ҷараёни нишасти сарони "G-20" дар Ҷопон изҳор дошт, раиси ҷумҳури Амрико аз ин амали Туркия "ҳимоят мекунад" ва ба ин бовар аст, ин танишҳо "бидуни мушкил" сипарӣ хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Эрдуғон, Доналд Трамп нагуфтааст, ки Туркия зери таҳримҳо қарор мегирад, балки гуфтааст, "ҳаққ бо туст, мо ин мавзуъро ба ҷои хеле борике кашонидем".

Амрико ҳанӯз вокунише ба ин изҳороти Эрдуғон нишон надодааст. Вашингтон ҳанӯз ба таври расмӣ таҳриме зидди Туркия барои харидории системаи дифои мушакии S-400 ҷорӣ накардааст. Амрико пештар таъкид карда буд, ки Туркия метавонад ба ҷои системаи дифои мушакии S-400 аз Русия, системаи мушакии "Патриот"-ро аз Амрико бихарад.

Аммо шабакаи туркии NTV рӯзи якшанбеи 30-юми июн ба нақл аз раиси ҷумҳури Туркия гуфт, ки "як системаи дифои мушакии S-400 ба андозаи се "Патриот" меарзад. Агар шароити хариди системаи дифои мушакии "Патриот" бо низоми дифои мушакии S-400 баробар бошад, он вақт мо ба хариди он фикр мекунем вагарна бояд ба фикри манфиати худамон бошем". Маблағи дақиқи қарордоди Туркия ва Русия барои хариди ин системаи мушакӣ дақиқ нест. Шабакаи TRT ду соли пеш гуфта буд, ки он аз 2 то 3 миллиард доллар хоҳад буд.

Аз сӯи дигар, бархе таҳлилгарон мегӯянд, таҳримҳои эҳтимолии Амрико зидди Туркия мумкин аст аз ҷумла, барои саноати низомии ин кишвар пайомадҳои бад дошта бошад. Онҳо дар ин маврид ба мушкилоте барои фурӯши ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия, ки ба иҷозатномаи Амрико низ ниёз доранд, ишора мекунанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи якшанбе умедвор шуд, ки таниш байни Анқара ва Вашингтон дар робита ба ин масъала, ба зудӣ поён ёбад.

XS
SM
MD
LG