Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои Ҳаким Фузайлов аз вазифаи сармураббии “Истиқлол” 


Ҳаким Фузайлов
Ҳаким Фузайлов

Ҳаким Фузайлов, сармураббии дастаи "Истиқлол", баъди он ки бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019-ро дар гурӯҳи "D" дар майдони худ бо тими “Алтин Асир”-и Туркманистон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқа маҳрум шуд, аз вазифааш истеъфо дод.

Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи футболи “Истиқлол” рӯзи 28-уми июн хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, Ҳаким Фузайлови 54-сола 27-уми июн пеш аз тамрини бегоҳирӯзии даста бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо додааст.

Раҳбарияти бошгоҳи «Истиқлол» хоҳиши сармураббиро қаноатманд гардонда, ӯро аз вазифааш озод кардааст. “Истиқлол” бозиҳои боқимондаи мавсими имсоларо таҳти раҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тухтаев, ки ёвари Фузайлов буд, баргузор мекунад.

Ҳаким Фузайлов, собиқ сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, 3-юми декабри соли 2018 сармураббии дастаи “Истиқлол” таъйин шудааст. Раҳбарияти бошгоҳ дар назди ӯ вазифаҳои баландтарин гузошта буд: ғолиб шудан дар ҳамаи мусобиқоте, ки қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон ширкат меварзад.

“Истиқлол” бо раҳбарии Ҳаким Фузайлов имсол Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-ро ба даст овард. Баъдан дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон бар тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. “Истиқлол” феълан дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо 22 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст.

Вале “Истиқлол” 12-уми феврали соли равон дар бозии марҳилаи дувуми муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019 дар меҳмонӣ аз тими мизбон – АГМК-и Олмалиқ, барандаи Ҷоми Узбекистон-2018, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи мубориза ба сабқати гурӯҳӣ маҳрум гашт.

“Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019 низ ноком шуд. Ба даста дар бозии даври охирин дар гурӯҳи “D” танҳо ғалаба зарур буд. Вале бозии ҳалкунанда бо тими “Алтин Асир”-и Туркманистон, ки 26-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт.

Ба ин тартиб, қаҳрамони Тоҷикистон дар гурӯҳи "D" бо 8 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуд. Қаҳрамони Туркманистон, ки бо 10 имтиёз ғолиби гурӯҳи минтақаи Марказӣ гардид, ба даври баъдии мусобиқа роҳ пайдо кард.

Намояндаи дигари Тоҷикистон – ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии кишвар - «Хуҷанд», ки дар даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 дар гурӯҳи “D” дар меҳмонӣ аз қаҳрамони Қирғизистон - «Дордой»-и Бишкек - бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд, бо 7 имтиёз зинаи охиринро ишғол намуд. Зимнан, “Хуҷанд” дар даври панҷум 19-уми июн дар майдони худ бар “Истиқлол” бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд.

Ҳаким Фузайлов 12-уми августи соли 1964 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ба дунё омада, собиқаи футболбозиашро солҳои 1982-1983 ба ҳайси ҳимоятгар дар тими “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа дар лигаи дуюми қаҳрамонии футболи СССР шурӯъ кардааст. Баъди адои хидмати низомӣ, Ҳаким Фузайлов соли 1986 ба тими “Помир”-и Душанбе пайваст, ҳамроҳ бо ин тим аз лигаи якум ба лигаи олӣ баромад. Соли 1992, дар пайи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба тими “Локомотив”-и Маскав гузашт. Солҳои 1992-1995 дар “Локомотив” ва баъдан то соли 1997 дар “Арсенал”-и Тула бозӣ кард.

Ҳаким Фузайлов дар тӯли собиқаи футболбозиаш 372 маротиба ба майдон баромада, 21 гол задааст. Ӯ аз ҷумла 6 дафъа либоси тими миллии футболи Тоҷикистонро ба тан карда, як дафъа ба дарвозаи мунтахаби Узбекистон дар соли 1996 гол задааст. Дар он бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё тими Тоҷикистон дастаи Узбекистонро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод, вале дар бозии ҷавобӣ дар Тошканд бо ҳисоби боз ҳам бузургтари 0:5 шикаст хӯрд. Ҳаким Фузайлов дар он бозӣ капитани мунтахаби Тоҷикистон буд.

Ҳаким Фузайлов баъди анҷоми бозӣ ба кори мураббигӣ гузашт. Ӯ дар гузашта тимҳои футболи “Бухоро”, “Динамо”-и Самарқанд, “Андиҷон”, “Локомотив”-и Калуга ва соли 2012 “Локомотив”-и Тошкандро ба ҳайси сармураббӣ машқ дода, дар “Локомотив”-и Маскав ва “Терек”-и Грозний ба ҳамдастаи собиқаш дар “Помир” Рашид Раҳимов ҳамчун дастёри сармураббӣ кумак кардааст.

Ҳаким Фузайлов моҳи январи соли 2016 муовини роҳбари департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон таъйин шуд. Аз моҳи апрели соли 2016 то марти соли 2018 сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд.

Ӯ баъди бохти тими миллии Тоҷикистон дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар шаҳри Манила ба тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:2 ва маҳрум шудан аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқот, 27-уми марти соли гузашта аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби кишвар истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG