Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко хостори мулоқоти сеҷониба бо Раҳмон ва Путин шуд


Президенти Беларус Александр Лукашенко рӯзи 28 июн дар мулоқот бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки бо ширкати раҳбари Русия Владимир Путин дар Минск мулоқоти сеҷониба барпо кунанд. Расонаҳои давлатии Беларус ба нақли қавл аз Лукашенко навиштанд, ки қарор аст рӯзи 30 июн маросими ҷамъбасти Бозиҳои дуюми аврупоӣ баргузор шаванд ва барои тамошои он дар варзишгоҳи “Динамо”-и Минск президенти Русия Владимир Путин ҳам даъват шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 27 июн ба ин сӯ дар Минск бо як сафари давлатӣ қарор дорад, як тамошобини дигари ин бозиҳо мешавад. Лукашенко гуфт: “Барои баррасӣ масоили зиёде ҳаст. Фикр мекунам, ба ин музокираҳо Владимир Путинро ҳам ҷалб кунем, мешавад... Масоиле марбут ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СНГ ва СПАД вуҷуд дорад. Ба фикрам, шумо зид нестед”, гуфт раҳбари Беларус.

Тоҷикистону Беларус шарикони стратегӣ шуданд

Тоҷикистону Беларус кишварҳои ҳамкор дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ маҳсуб меёбанд. Вебсайти президенти Тоҷикистон рӯзи 28 июн дар бораи имзо шудани даҳ санади ҳамкорӣ, аз ҷумла, шартнома оид ба шарикии стратегӣ хабар дод. Ба иттилои Бахши беларусии Радиои Озодӣ, пас аз имзо шудани ин қарордод Лукашенко онро "шартномаи таърихие монанди парвоз ба кайҳон" номидааст.

Дар миёни дигар санадҳои имзошуда – созишномаҳои ҳамкорӣ дар миёни прокуратураҳои генералӣ, вазоратҳои маориф ва “Амонатбонк”-и Тоҷикистон ва “Белорусбанк” номбар шудаанд. Ба иттилои расмӣ, мизони додугирифти мол дар миёни ду кишвар дар 9 моҳи соли 2018 - 30,8 миллион долларро ташкил дод, ки 95 дарсади ин ҳамкориҳо марбут ба Беларус аст. Аз ин ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон трактор, шакар, яхдон, мебел, мошинҳои борбар, доруворӣ ва дигар молу маҳсулот меравад. Аз Тоҷикистон ба Беларус умдатан пахта, меваи хушк ва чормағз содир мешавад. Вале бо ин вуҷуд, дар панҷ соли охир ягон тарҳи муваффақи иқтисодии дуҷониба ном набаровардааст.

Бо ин ки Минску Душанбе шарикони сиёсӣ ҳастанд, на дар ҳама бахшҳо Беларус дархостҳои Тоҷикистонро бечунучаро иҷро кардааст. Аз ҷумла, дар чор-панҷ соли гузашта чандин дархости Душанбе барои боздошт ва истирдоди дигарандешону мухолифони ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Беларус иҷро нашуд ва мунаққидони ҳукумат бо кӯмаки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ тавонистанд аз боздоштгоҳҳои Беларус озод шуда, ба кишварҳои дигар сафар кунанд.

XS
SM
MD
LG