Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Бонки аврупоӣ хостанд, барномаҳояшро дар Туркманистон маҳдуд кунад


Созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқи инсон аз Бонки аврупоии рушду бозсозӣ (БАРБ) хостанд, ҳамкориро бо Туркманистон дар солҳои 2019-2024 густариш надиҳад.

Дар муроҷиати муштараки созмонҳои "Дидбони ҳуқуқи башар" (HRW), Ҳамкории байналхалқӣ дар умури ҳуқуқи инсон (IPHR) ва "Ташаббуси туркманӣ дар умури ҳуқуқи инсон" омадааст, ки БАРБ то замоне, ки ҳукумати он кишвар дар бахши ҳуқуқи инсон пешравии воқеиро ба намоиш нагузорад, набояд барои бахши давлатии Туркманистон қарз диҳад.

Фарид Тухбатуллин, роҳбари созмони Ташаббуси туркманӣ дар умури ҳуқуқи инсон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир омилҳои асосие, ки бояд сохторҳои молии ҷаҳонӣ ба онҳо диққат диҳанд, поймолсозии ҳуқуқи шаҳрвандони Туркманистон ба молу мулк, аз ҷумла фишори афзоянда ба соҳибкорон аст.

"Амвол, мағоза, манзилҳои соҳибкоронро ғасб мекунанд. Ҳуқуқи озодона аз як макон ба макони дигар рафтан поймол мешавад. Ҳамин ду омил аст, ки мо мехоҳем, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро бештар ба онҳо ҷалб созем",-гуфт Фарид Тухбатуллин.

Давоми чанд соли охир соҳибкорони туркманистонӣ ба маҳдудиятҳои зиёде дар бахши тиҷорат рӯ ба рӯ ҳастанд. Моҳҳои охир басташавии дастаҷамъии корхонаҳо ва коргоҳҳое дида мешавад, ки дар маркази шаҳр ҷойгир ҳастанд. Бидуни шарҳу тавҷеҳ мағозаҳо, толорҳои варзиш, ороишгоҳҳо ва дигар иншооти бахши хизматрасонӣ баста шуданд.​

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG