Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия тақдими шаҳрвандиро ба мутахассисони хориҷӣ осон кард


Русия тақдими шаҳрвандии ин кишварро ба мутахассисони хориҷӣ, аз ҷумла пизишкону муҳандисони варзида осон кардааст. Агар пештар барои гирифтани шаҳрвандии Русия мутахассисонро зарур буд дар қаламрави он кишвар се сол зиндагӣ кунанд, ин муҳлат ба як сол поин оварда шуд.

Қонуни навро рӯзи 25-уми июн Думаи давлатӣ, палатаи поёнии порлумони Русия, қабул кардааст. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ гуфтааст, ба ин васила мехоҳанд, мутахассисони варзида ҳарчи зудтар ба сафи шаҳрвандони Русия пайванданд.

Бино ба хабари вебсайти порлумони Русия, мақомоти ин кишвар ҳангоми тақдими шиносномаи он кишвар бештар ба пизишкону дорусозҳо, муҳандисон ва мутахассисон оид ба ҳифзи маълумот таваҷҷуҳ мекунанд.

Ин қонун баъд аз се моҳ ба иҷро медарояд.

Бино ба омори гуногун аз 400 ҳазор то якуним миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Бархе аз онҳо талош мекунанд, то шиносномаи Русияро ба даст оранд.

Байни Тоҷикистону Русия низоми душаҳрвандӣ аст. Шахсоне, ки шиносномаи Русияро доранд, аз гирифтани иҷозаи кор озоданд ва баръакс аз имтиёзҳо бархӯрдоранд. Бино ба ҳисобҳо, то ин дам беш аз 300 ҳазор сокини Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG