Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп дар саммити "G-20" бо Путин мулоқот кард


Президенти Русия Владимир Путин имрӯз, 28 июн дар доираи саммити "Бистгонаи бузург" дар шаҳри Осакаи Ҷопон бо ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп мулоқот кард.

Намояндаи президенти Русия пештар гуфта буд, ки ҷонибҳо масъалаи суботи стратегӣ ва низоъҳои минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Украина, Сурия, нимҷазираи Куриё, Афғонистон, Венесуэла ва "барномаи Эрон"-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Трамп дар лаҳзаҳои аввали мулоқот гуфт, бо Путин масоили тиҷорӣ ва халъи силоҳро баррасӣ карданист. Президенти ИМА афзуд, ки умедвор аст, гуфтугӯи ӯ бо ҳамтои русаш натиҷаҳои хубе хоҳад дошт. Путин дар навбати худ изҳор дошт, ки мулоқоти Осакаро барои идомаи муколама миёни ду кишвар фурсати хубе меҳисобад.

Мулоқоти ахири Трампу Путин моҳи июли соли 2018 дар Хелсинкӣ баргузор шуда буд. "Муносибатҳо миёни кишварҳои мо хуб набуданд. Вале ҷонибҳо барои барқарор кардани он имконият доранд. Фикр мекунам, ки дар ниҳоят робитаҳои хубе хоҳем дошт",-гуфт президенти ИМА пеш аз оғози гуфтугӯ.

Мулоқоти рӯбарӯи раҳбарони Русия ва ИМА чанд соат идома кард. "Ин оғози хуб барои ҳамаи ҷонибҳост",-гуфт Трамп пас аз вохӯрӣ.

Мулоқоти раҳбарони Русия ва ИМА, ки қарор буд, охирҳои соли гузашта дар доираи саммити пешини "Бистгонаи бузург" дар Буэнос-Айрес анҷом шавад, баргузор нашуд. Ба он боздошти 24 маллоҳи украинӣ аз сӯи марзбонони рус дар соҳилҳои нимҷазираи ишғолии Қрим сабаб шуд. Маллоҳони украинӣ то ҳол дар ҳабсанд.

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG