Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Остона Опера" иҷрои намоишнома дар ситоиши Назарбоевро рад кард


Масъулони театри "Остона Опера"-и шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон омодагӣ ба намоишномаеро, ки гӯиё ба ситоиши президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев бахшида шудааст, рад карданд.

6 июл дар Рӯзи пойтахти Қазоқистон ва зодрӯзи Назарбоев иҷрои намоишномае зери унвони "Золушка" дар назар аст. Ба огаҳии хадамоти матбуотии шаҳрдории Нурсултон, онро ҳунармандони театри опера ва балети шаҳри Алмато иҷро хоҳанд кард.

Пештар хабаргузории КазТАГ аз қавли рӯзноманигор Асем Жапишева навишт, ки ҳунармандони "Остона Опера" намоишномаеро зери унвони "Роҳи равшан аз нури Офтоб" барои рӯзи 6 июл тамрин доранд. Ба гуфтаи рӯзноманигор, ҳунармандон дар аввал иҷрои онро рад кардаанд, вале таҳдид шунидаанд, ки кори худро аз даст хоҳанд дод.

Хадамоти матбуотии шаҳрдории Нурсултон хабари КазТАГ-ро рад кард. Вале гуфт, намоишномае зери ин унвон дар шӯрои эҷодии театр мавриди баррасӣ қарор дошт.

Дар Қазоқистон 6 июл Рӯзи пойтахтро ҷашн мегиранд, ки бо зодрӯзи Назарбоев рост меояд. Назарбоев пас аз 30 соли раҳбарии бидуни танаффуси Қазоқистон моҳи март аз мақом истеъфо дод, вале соҳиби унвони "Пешвои миллат" буда, раҳбари Шӯрои амнияти миллӣ ва ҳизби ҳокими кишвараш боқӣ монд.

Гузоришҳои видеоӣ

Бахтиёр Иброҳимов аз таронаҳои арзон то ба шӯҳрати "Гулшан"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00
XS
SM
MD
LG