Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқод аз сиёсатҳои муҳоҷиратии Трамп пас аз ғарқ шудани падаре бо кӯдакаш


Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сиёсати муҳоҷиратии Доналд Трампро баъд аз нашри аксҳои як падар ва духтараш аз Салвадор, ки ҳангоми убури аз дарёи Риё-Гранд дар марзи Амрикову Мексика ҷон бохтанд, ба боди интиқод кашиданд.

Дар акс Оскар Алберто Мартинез бо духтари дусолааш зери пироҳани падар, ки аз тахтапушт падарашро бо дастонаш ба оғӯш кашида буд, дида мешавад. Ин аксҳоро нахуст рӯзномаи мексикоии La Joranda нашр кард ва сипас бисёре аз хабаргузориҳои ҷаҳон онҳоро бознашр намуданд. Ҳамсари марди фавтида Таня Ванесса Авалос зинда ва дар қаламрави Мексика қарор дорад.

Тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар умури маводи мухаддир ва ҷиноятҳо, кишвари Салвадор дар феҳристи худкушиҳои барқасдона дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад. Тибқи ин оморҳо, ҳамасола дар ин кишвар аз 100 ҳазор аҳолӣ, то 105 нафар барқасдона кушта мешаванд.

"Бар пояи сиёсати Трамп, ки дарёфти паноҳгоҳро ба маротиб душвор кард, хонаводаҳо аз ҳам ҷудоанд ва онҳо ба ҳар роҳ талош мекунанд, вориди ИМА шаванд ва ин сиёсати нодуруст ва дурушт аст, ки ба чунин фоҷиаҳо меанҷомад",-гуфт Берни Сандерс, довталаби курсии президенти Амрико аз Ҳизби демократ дар робита ба ҳодиса ахир.

Яке аз мавзӯъҳои аслии пеш аз интихоботии президент Трамп ва тими вай, муқобила бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ аст. Ҳукумати вай пайваста талош мекунад, ки қоидаҳои муҳоҷиратро сахттар кунад. Яке аз ваъдаҳои асосии Трамп дар аснои маъмурияти президентиаш, бунёди девор дар марз бо Мексика ва пешгирӣ аз вуруди ғайриқонунии муҳоҷирон аз Амрико Ҷанубӣ ва Марказӣ аст.

Дар баҳори соли 2018 Вашингтон сиёсати "таҳаммули умумӣ" нисбати муҳоҷирони бидуни ғайриқонунӣ рӯи даст гирифт. Марзбонони амрикоӣ ҳудуди 2500 кӯдакро аз падару модарашон ҷудо карданд, ки беш аз 100 нафари онҳо аз чаҳорсола хурдтар мебошанд. Муқаррароти нави ИМА нисбати муҳоҷирони ғайриқонунӣ пайгарди ҷиноятиро пешбинӣ мекард.

Ба эътиқоди президенти Амрико Доналд Трамп, ба ин тартиб, муҳоҷироне, ки мехоҳанд ғайриқонунӣ ба ин кишвар ворид шаванд, "фарзандонро ба унвони баҳона" истифода мекунанд. Қоидаҳои қаблӣ боздошти волидон бо кӯдаконро то 20 рӯз маҳдуд мекард ва сипас онҳоро бо таҳдиди муҳокимаи дигарбора дар додгоҳ, озод мекард ва хонаводаҳои онҳо марҳилаи истирдодро паси сар мекарданд, ки ҷудошавии хонаводаро пешбинӣ намекард.

Доналд Трамп зимни мулоқоташ бо соҳибкорон дар Вашингтон гуфт, ки ба хотири афзоиши масъулияти ин афрод, ҳукумат маҷбур мешавад, ки фарзандони муҳоҷирони ғайриқонуниро аз волидонашон ҷудо кунад.

Чунин сиёсат интиқодҳои шадидеро нисбати президент Трамп ба дунбол доштааст. Ҳоло Трамп водор мешавад, фармонеро имзо кунад, ки ҷудокунии фарзандони муҳоҷиронеро, ки ғайриқонунӣ ба Амрико ворид мешаванд, хотима диҳад. Тибқи қоидаҳои нав, муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ марзи Амрикоро убур кардаанд, якҷо бо фарзандонашон нигаҳдорӣ мешаванд.

Чунин мавқифи сахти президент Трамп дар ин масъала боиси қатъи фаъолияти ҳукумат дар аввали соли 2019 шуд, ки беш аз ду моҳ идома дошт ва дар таърихи ИМА тӯлонитарин қатъи муваққати фаъолияти ҳукумат буд.

Қатъи фаъолияти ҳукумат ба кормандони вазорати нақлиёт, дохилӣ, амнияти дохилӣ, молия, адлия, тиҷорат ва бархе аз сохторҳои дигар таъсир расонд, ба ҷуз вазорати мудофиа, тандурустӣ, энержӣ ва маориф. Тибқи иттилои мухталиф, бинобар қатъи фаъолияти муваққати ҳукумати федеролӣ, ҳудуди 420 ҳазор нафар бидуни маош кор карданд ва боз 380 ҳазор нафари дигар маҷбур шуданд ба рухсатии бе маош раванд.

Шарҳҳоро бинед (8)

XS
SM
MD
LG