Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Белорус рафт


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн ба Белорус сафар кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳадаф аз ин боздиди Эмомалӣ Раҳмонро "сафари расмӣ" эълон кард. Манбаъ тафсилоти дигаре дар робита ба барномаи сафари оқои Раҳмон ироа накардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар президентро вазирони умури хориҷӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, фарҳанг, ёвари президент дар умури равобити байналмилалӣ, Додситони кул, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва дигар афроди расмӣ, ҳамроҳӣ мекунанд.

Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Белорус дар ҳоле сурат мегирад, ки дар моҳи майи соли гузашта Александр Лукашенко ба Душанбе сафар карда буд. Дар ҷараёни ин сафари Лукашенко миёни ду кишвар 15 санади ҳамкорӣ ва созишномаҳо ба имзо расид. Раҳбарони ду кишвар он замон гуфтанд, ки қасд доранд ҳамкориҳоро ба сатҳи шарикии стратегӣ боло баранд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко айни ҳол дар қаламрави Шӯравии пешин аз раҳбароне мебошанд, ки муддати тӯлонӣ дар сари қудрат ҳастанд. Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 ба сари қудрат омад ва Александр Лукашенко низ аз соли 1994 бар Белорус ҳокимият мекунад.

Гузоришҳои видеоӣ

Баҳси вазъи расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
XS
SM
MD
LG