Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иморот: "Наметавонем кишвареро дар ҳамла ба киштиҳои нафткаш муттаҳам кунем"


Абдуллоҳ Бин Зоид Оли Наҳён, вазири умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи чаҳоршанбеи 26-уми июн гуфт, барои муттаҳам кардани кишваре ба даст доштан дар ҳамла ба чаҳор киштии нафткаш дар наздикии бандари Фуҷайра, ба далелҳои қонеъкунанда ниёз аст.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз" Амрико ва Арабистони Саудӣ ба таври ошкоро Эронро ба даст доштан дар ҳамла ба чаҳор киштии нафткаш дар соҳилҳои Иморот дар рӯзи 12-уми май ва ҳамчунин ду киштии нафткаши ҷопонӣ ва норвегӣ дар Баҳри Умон муттаҳам кардаанд. Эрон даст доштан дар ин ҳамларо рад кардааст.

Дар пасманзари ин ҳодиса, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар гузорише ба Шӯрои Амнияти СММ гуфта буд, ҳамла ба чаҳор киштии нафткаш дар бандари Фуҷайра амалиёте "моҳирона ва ҳамоҳанг" буд, ки ба эҳтимоли зиёд тавассути як ниҳоди давлатӣ анҷом шудааст. Бо ин вуҷуд, дар ин гузориш аз ҳеҷ кишвари муайяне ном бурда нашуда буд.

Абдуллоҳ Бин Зоид Оли Наҳё дар нишасти хабарии муштарак бо Сергей Лавров, ҳамтои руси худ дар Маскав гуфтааст, "содиқона мегӯям, мо наметавонем кишвареро (дар хусуси ҳамла ба киштиҳо) ба унвони муттаҳам муаррифӣ кунем, зеро ҳеҷ далеле дар даст надорем".

Вазири умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар идома гуфтааст, "агар кишваре чунин далеле дар ихтиёр дорад, мутмаинам, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба он гӯш хоҳад дод. Аммо бояд мутмаин шавем, ки чунин далелҳои дақиқ ва қонеъкунанда вуҷуд дорад". Вазири умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ афзудааст, "мо дар минтақаи ҳассос ва муҳим барои ҷаҳон қарор дорем ва тамоюле ба таниши бештар дар ин минтақа надорем.

Таниш байни Вашингтон ва Теҳрон дар пайи сарнагун кардани ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико дар Халиҷи Форс вориди марҳилаи наве шудааст

Сарпарасти вазорати дифои Амрико рӯзи чаҳоршанбе гуфтааст, бо вазирони дифои узви НАТО дар бораи зарурати ташкили як эътилоф дар баробари Эрон, сарнагунии ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ ва низ "ҳамлаҳо" ба киштиҳои нафткаш дар Баҳри Умон, табодули афкор хоҳад кард.

Абдуллоҳ Бин Зоид Оли Наҳён ҳам гуфтааст, гуфтугӯе барои ташкили як эътилофи ҷаҳонӣ барои муҳофизат аз киштиронӣ дар Халиҷи Форс дар ҷараён аст. Бандари Фуҷайра яке аз бандарҳои бузурги гирифтани маводи сӯхт дар ҷаҳон аст.

XS
SM
MD
LG