Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони пешини махсуси ИМА дар Конгресс шоҳидӣ медиҳад


Роберт Мюллер
Роберт Мюллер

Роберт Мюллер, додситони махсуси пешини Амрико, ки пажуҳиши дахолати эҳтимолии Русияро дар интихоботи президентии соли 2016 дар Иёлоти Муттаҳида роҳбарӣ мекард, рӯзи 17-уми июл дар ду кумитаи Конгресси кишвараш шоҳидӣ медиҳад.

Намояндагони Конгресси Амрико хабар доданд, ки Мюллер баъди дарёфти дархости ширкат дар ҷаласа, ба шоҳидӣ додан дар бораи пажуҳишаш изҳори омодагӣ кардааст.

"Амрикоиҳо талаб доранд, додситони махсус суханронӣ кунад ва шарҳ диҳад, ки тими вай дар ҷараёни пажуҳиш дар робита ба ҳамлаи Русия ба демократияи мо ба чи хулоса расид, чи иттилоъ пайдо кард", -- омадааст дар изҳороти Конгресс.

Дар гузориши додситони махсус, ки ду моҳ пеш нашр шуд, дар бораи дахолати Русия дар ҷараёни маъракаи интихоботии Амрико дар соли 2016 далелҳои зиёде зикр шудааст. Аммо додситони махсус гуфт, далеле надорад, ки Трамп монеи пажуҳиши вай шуда бошад.

Демократҳои Конгресс бовар доранд, ки Доналд Трамп монеи пажуҳиши Мюллер шуда ва ба ин тартиб қонуншиканӣ кардааст. Онҳо бовар доранд, ки Мюллер ин нуқтаи назарро тасдиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG