Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик навраси русро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. ВИДЕО


Як гурӯҳ аз муҳоҷирон аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар шаҳраки Яблоновскийи Ҷумҳурии Адигеяи Русия навраси 13-соларо аз ғарқшавӣ наҷот додаанд. Ҳодиса шоми 24-уми июн рух додааст.

Ин гуруҳи муҳоҷирон соле пеш дар ҳамин минтақа як зан ва як кӯдакро аз об берун оварда буданд. Ҳарчанд мақомоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия пешниҳод карда буданд, ба онҳо ҷоизаи ҷасорат дода шавад, ба қавли муҳоҷирон, он дар сатҳи гап мондааст.

Дар видеое, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, дида мешавад, чӣ гуна муҳоҷирон барои наҷоти наврас худро ба рӯдхонаи Кубан андохтаанд. Хайём Эгамбердиев, яке аз наҷотдиҳандагон, рӯзи 25-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сохтмоне дар наздикии рӯдхона машғули кор буданд ва садои кумакхоҳии кӯдакро шуниданд.

Дар гузашта низ дар чанд ҳолат муҳоҷирони тоҷик барои наҷоти одамон дар Русия саҳм гирифтаанд. Аз ҷумла, мақомоти Русия гуфта буданд, Алиназар Баҳодурови 21-сола моҳи апрели имсол ҷони худро дар хатар гузошта, барои боздошти як марди мусаллаҳ кумак расонд.

Ҳудуди як миллион нафар аз шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору иқомат мекунанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Баҳси вазъи расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
XS
SM
MD
LG