Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъ дар Ариси Қазоқистон пас аз ду рӯзи таркишҳо


Даромадан ба шаҳри Ариси вилояти Туркистони Қазоқистон, ки ахиран анбори аслиҳае дар он таркид, ҳанӯз ҳам манъ буда, фаъолияти бозор, фурӯшгоҳ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва ҳаракати қатора қатъ карда шудааст.

Бино ба иттилои бахши қазоқии Радиои Озодӣ, субҳи 25-уми июн дар наздикии деҳаи Бодом, ки аз онҷо вуруд ба шаҳри Арисро бастаанд, даҳҳо сокини маҳаллӣ ҷамъ шуда, талаб карданд, ки ба онҳо иҷозат диҳанд, то ба хонаҳои худ дар шаҳр баргарданд. Ҷамъшудаҳо аз амнияти амволи худ нигаронанд. Вале мақомот иҷозат надоданд.

Ба гуфтаи хабарнигори радио, сокинон аз он дар ғазабанд, ки ҳодисаҳои ҳамсони пешин ба мақомот дарси ибрат нашуданд. Дар гузашта низ дар қисмҳои низомии Арис таркишҳое ба амал омада буд.

Мақомоти қазоқ мегӯянд, хатари таркиши лавозимоти ҷангӣ ҳанӯз ҳам мавҷуд аст. Ба иттилои Вазорати дифои Қазоқистон, минтақаи аҳолинишини Арис аз анбори аслиҳа 200 метр дур аст.

Ба огаҳии Вазорати умури дохилии Қазоқистон, таркиши нахустин дар анбори аслиҳаи Арис соати 09:15 дақиқаи субҳи 24-уми июн рух дод. Мақомот худи он рӯз дар шаҳр ҳолати изтирорӣ эълом ва интиқоли 43 ҳазор сокини шаҳрро ба ҷои амн оғоз карданд. То ҳол 42 ҳазор нафар ба ҷои бехавф кӯчонида шуданд.

Дар натиҷаи таркиш ва сӯхтори анбор ду нафар - як низомӣ ва як сокини осоишта ҷон бохта, 165 каси дигар барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардаанд. 89 тани онҳо дар беморхона бистарианд.

XS
SM
MD
LG