Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аврупо дар ОМ дунболи ҳадафҳои Русияву Чин намегардад"


Вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Моғеринӣ дар Белгия. Моҳи ноябри соли 2018
Вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Моғеринӣ дар Белгия. Моҳи ноябри соли 2018

Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 17-уми июн стратегияи нави худро барои Осиёи Марказӣ қабул кард. Ин созмон барои нав шудани стратегияи худ дар минтақа ва таҳияи, ба истилоҳ, харитаи роҳ 12 соли охир кор кардааст.

Стратегияи аввали ин ниҳод соли 2007 қабул шуда буд. Дар таҳияи стратегияи нав намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок карда, бо назардошти зарфият ва шароити ҳар кишвар таҳқиқоти зиёд анҷом шудааст.

Яке аз гурӯҳҳое, ки дар таҳияи стратегияи нави Аврупо барои Осиёи Маркази ҷалб шудааст, SEnECA - (Strengthening and Energizing EU-Central Asia relations) аст, ки Барномаи тақвият ва нерӯмандсозии равобити ИА ва ОМ ном дорад.

Раҳбарии ин барномаро Катрин Бутгер, раиси Пажӯҳишгоҳи улуми сиёсии Берлин ва Майкл Кайдинг, профессори сиёсатҳои аврупоӣ дар донишгоҳи Дуйсбург-Эссен ба уҳда доранд. Радиои Озодӣ дар сӯҳбат бо Катрин Бутгер хост, дар бораи ҳадафҳои аслии барномаи нави SEnECA нақл кунад.

Катрин Бутгер: SEnECA барномаест, ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо ва дар чаҳорчӯби тарҳи Horizon 2020 маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи барнома беҳбуди ҳамкориҳо дар бахши таҳқиқот ва тақвияти тавонмандӣ ва машваратҳои сиёсӣ дар Иттиҳодияи Аврупо ва ҳам дар Осиёи Марказӣ мебошад. Мо талош мекунем, ҳамкории муҳаққиқони Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказиро ба роҳ монем.

Радиои Озодӣ: Барномаи шумо соли гузашта роҳандозӣ шуд. Аз моҳи январи соли гузашта то кунун чӣ пешравӣ ҳосил шудааст?

Катрин Бутгер: Кори мо дар барнома ба истилоҳ аз се қадам иборат аст. Пеш аз ҳама бояд равобити миёни ду минтақаро дар рӯи харита бикашем, онро таҳлил кунем ва дар ниҳоят дар робита ба беҳбуд ёфтани ин ҳамкориҳо машваратҳо диҳем. Аз як сӯ, мо бо муҳаққиқон кор мекунем ва як пойгоҳи таҳлилиро ташкил кардаем. Аз сӯи дигар, мо бо мӯҳтавои барномаҳои ҳамкорӣ кор карда, вокунишҳоро аз Осиёи Марказӣ меомӯзем. Баъди ин ҳама корҳо, машваратҳои худро барои Осиёи Марказӣ таҳия мекунем.

Радиои Озодӣ: Дар бораи стратегия чӣ иттилои бештар доред ва нақши барномаи SEnECA аз чӣ иборат мешавад?

Катрин Бутгер: Намояндаи махсус Петер Буриан, ки масъули равобити ИА бо ОМ аст, ҳамеша мегӯяд, дар ҷараёни кори таҳқиқоту фаъолиятҳои шабакавӣ сиёсати Иттиҳодияи Аврупоро дар хотир дошта бошем. Ҳоло, ки ин стратегия қабул шуд, ба мӯҳтавои он нигоҳ карда, мутобиқсозии он ба фаъолиятҳои мушаххаси сиёсатро меандешем ва мебинам, ки таъсири ниҳоии он чӣ мешавад.

Радиои Озодӣ: Кадом бахшҳоро мушаххасан дар ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ ҳадаф қарор додаед?

Катрин Бутгер: Мо ба масъалаҳои гуногун таваҷҷӯҳ мекунем. Бештар ба масъалаи иқтисод, инчунин, маориф, аз ҷумла, таҳсили олӣ нигоҳ мекунем. Дар бахши иқтисод ҳам доираи ҳамкориҳо зиёд аст. Феълан стратегияи Осиёи Марказӣ аз назари мо бештар хусусияти умумӣ дорад. Ин як стратегияи васеъ аст. Чанд бахшро дар бар мегирад. Мо бояд сари тарҳҳои мушаххасе кор кунем, ки барои беҳбуд ёфтани вазъият, масалан, дар бахши созмонҳои таъминкунандаи кор ва дигар бахшҳо мусоидат кунанд.

Радиои Озодӣ: Оё нақши созмонҳои ҷамъиятӣ ҳам дар ин стратегия ба эътибор гирифта шудааст?

Катрин Бутгер: Дар феҳрасти мо беш аз 200 намояндаи созмону гурӯҳҳои мухталиф ҳастанд, ки дар масоили марбут ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, масалан, ҳуқуқи башар, мубориза зидди коррупсия, масоили экологӣ, ҳимояти марзҳо ва амнияти сафарҳову масоили сари кор доранд. Ҷузъиёти кори яке аз онҳоро ман ба шумо ҳоло шарҳ медиҳам. Феълан масъалаи тағйироти иқлим яке аз он масолиест, ки Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ сари он тамаркуз хоҳад кард. Ин ҷо зарурати фоида аз энергияи сабз, гузариш ба иқтисоде бо карбони кам, сармоягузорӣ ба энергияи навшаванда муҳим аст. Баъзе кишварҳо дар масоили марбут ба энергияи офтобӣ дониши бештар доранд, вале дигарон дар бахшҳои дигар дастболо ҳастанд. Ин ҳамон чизест, ки дар доираи стратегияи нав дар панҷ соли оянда бештар сари он кор мекунем. Ин ҳамон бахшест, ки мо метавонем аз ҳамдигар бештар ёд гирем.

Радиои Озодӣ: Стратегияи амалкунанда то соли оянда пойбарҷост. Мӯҳлати иҷрои стратегияи нав кай мерасад?

Катрин Бутгер: Аз соли оянда, замоне ки маблағгузории он оғоз мешавад. То соли 2027. Дар робита бо таҳаввулоти сиёсӣ он ҳам тағйир меёбад. Бисёр чиз аз маблағгузорӣ вобаста аст ва хуб аст, ки чунин як чаҳорчӯби барномавӣ вуҷуд дошта бошад.

Радиои Озодӣ: То ҷое медонем, ИА ваё SEnECA ҳеҷ гоҳ талош намекунад, ки дар минтақа бо Чин ё Русия рақобат кунад, дуруст аст?

Катрин Бӯтгер: Ҳадафҳои ИА аз он чизе, ки Чин ё Русия дунбол мекунанд, фарқ мекунад. ИА дар фикри ҳамкориҳои иқтисодӣ аст, вале ҳамкориҳои собит дар ҳоле барпо мешаванд, ки пешрафтҳои демократӣ, риояи қонун ва мудирияти дуруст ба роҳ монда шавад. Ин бахши ҳамкориҳо бо Осиёи Марказиро Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ мекунад. Ин чизҳо гоҳе мусбат қабул мешавад, гоҳе танқиди аз ҳад зиёд аст, ки ба ҳукуматҳо марбут мешавад. Вале тавре мо ҳоло мебинем, масалан бархӯрди Чин бо масъалаи сармоягузорӣ ба Осиёи Марказӣ, камбудҳои худро дорад. Норасоиҳои худро дорад.

Радиои Озодӣ: Чандин матлабе ба тозагӣ нашр шуд, ки мегӯяд, Амрико нисбат ба минтақа дигар дилгармии зиёд надорад ва ҳоло Иттиҳодияи Аврупо аст, ки аз ин назар ба худ дар ОМ вазифаҳои иловагӣ мегирад. Шумо бо ин андеша розӣ ҳастед?

Катрин Бутгер: Ин вазифаҳои иловагӣ нест. Ин тавр гуфта наметавонам. Нақши ИА дар муқоиса бо ИМА ҳамеша дигар буд ва мемонад. Он зиёд аз роҳи пойгоҳҳои низомӣ ваё амнияти минтақавӣ муносибат намекунад. Кор бештар дар сатҳи фаннӣ ва пуштибонии сохторҳо пеш меравад. ИА як созмони муттаҳидкунандаи чандин кишвар аст ва он метавонад аз назари ҳамкорӣ барои ОМ намунаи ибрат шавад. Феълан ҳамкориҳои ду ҷониб зиёд рушдкарда нестанд. Масалан, кишварҳо бо ҳам созишномаҳои ҳамкориҳои дуҷониба доранд, мисли созишномаи аз андозбандии дукарата озод шудани Қирғизистону Туркманистон. Айни чунин созишнома миёни Олмон ва Фаронса амал мекунад. Як арзише, ки ИА ба ин минтақа дода метавонад, ин намунаи ҳамкориҳои минтақавӣ аст ва ин ҳамон чизест, ки тафовути ҳамкориҳои Аврупо ва ИМА-ро намоиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG