Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Газетаи адабиёт"-и Узбекистонро аз танқиди ҳукумати қаблӣ манъ карданд


Оҷонсии иттилоот ва иртибототи оммавии назди президенти Узбекистон ба "Газетаи адабиёт"-и он кишвар интиқод кардани Ислом Каримов, президенти пешини Узбекистон ва ёдовар шудани номи роҳбари мухолифон Муҳаммад Солиҳро манъ кард.

Оҷонсӣ дар номааш ба сармуҳаррири нашрия Бахтиёр Каримов навиштааст, ки "талоши сиёҳсозии номи Ислом Каримов ва эҳтироми ошкоро ба мухолифи давлат Муҳаммад Солеҳ" вайронсозии қонун аст.

Бахтиёр Каримов мегӯяд, номаи оҷонсӣ "ба сензураи солҳои 37 монанд аст". Оҷонсӣ ҳамзамон талаб кардааст, масъулоне, ки ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, танбеҳ дода шаванд. Номаи шашсаҳифаии оҷонсӣ 31-уми май бо имзои муовини аввали мудири оҷонсӣ Аваз Ҳоҷиматов содир шудааст.

Дар нома омадааст, ки "Газетаи адабиёт" ба давраи роҳбарии Ислом Каримов назари манфӣ дорад, ки ин поймолсозии қонун аст. Оҷонсӣ мегӯяд, ибораи "Нисфи мардон мардикоранд. Нисфи дигарашон дар зиндон", ки нашрия истифода кардааст, ба тафаккури омма таъсири манфӣ мерасонад.

Дар даврони роҳбарии Ислом Каримов дар Узбекистон нашрияҳои маҳаллӣ иҷозат надоштанд, исми Муҳаммад Салоҳ - мухолифи узбекро, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунад, дар матлабҳояшон зикр кунанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Беҳрӯзҷон куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00
XS
SM
MD
LG