Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додраси қирғиз бо гумони озод кардани "дузди қонунӣ" боздошт шуд


Вазорати умури дохилии Қирғизистон хабари аз боздоштгоҳ озод ва ба ҳабси хонагӣ маҳкум шудани додраси пешини шаҳри Норин Жапар Эрматовро рад кард. Ба иттилои вазорат, Эрматов дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев дастгир ва бо ҳукми додгоҳ ду моҳ ба ҳабс гирифта шудааст. Дар ҳоли ҳозир ӯ дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Бино ба хабарҳо пулис Эрматовро 21-уми июн боздошт кардааст. Додрас ба он айбдор мешавад, ки санадҳои бемории сахт будани маҳкумшударо тасдиқ мекарданд, насанҷида ӯро аз иҷрои ҷазои 8 солу 3 моҳи зиндон озод кардааст. Батукев баъди озод шудан Қирғизистонро тарк кард.

Дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани Батукаев зидди як қатор мансабдорони вақти қирғиз тафтишот оғоз шудааст. Дар миёни онҳо вазири пешини тандурустӣ Динара Сагинбаева, мушовири пешини раҳбари Хадамоти зиндонҳо Калибек Качкиналиев, муовини пешини сарвазир Шомил Атахонов, додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Салянова ва чандин табиб низ ҳастанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG