Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии номзади мухолифон дар интихоботи шаҳрдории Истанбул


Натиҷаҳои интихоботи шаҳрдории Истанбул дар рӯзи якшанбеи 23-юми июн нишон медиҳад, ки Акрам Имомоғлу, аз мухолифони ҳукумат дар ин рақобат ба пирӯзӣ расидааст.

Бар асоси натиҷаҳои шумориши беш аз 99 дарсади овозҳои интихобкунандагон, Акрам Имомоғлу бо ба даст овардани 54 дарсади раъйи интихобкунандагон, барандаи интихобот шудааст. Биналӣ Йилдрам, номзади Ҳизби ҳокими адолат ва рушд 45 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст.

Даври пешини интихоботи шаҳрдории Истанбул ҳудуди се моҳ пеш бо пирӯзии номзади мухолифи Ҳизби ҳокими адолат ва рушд ба поён расид вале муҳлати раҳбарии оқои Имомоғлу дар ҳукумати Истанбул 18 рӯз идома накард ва Комиссияи интихоботи Туркия дастури бекор кардани интихобот ва баргузории дубораи онро дод.

Комиссия шикояти ҳизби ҳокимро қонеъ карда, гуфт, дар интихоботи моҳи марти соли равон, ки бо пирӯзии номзади мухолифон анҷомид, қонуншиканиҳо сурат гирифтааст. Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон он замон гуфта буд, ки дар интихоботи шаҳрдори Истамбул қонуншиканӣ ва тақаллубкориҳои зиёд шудааст. Дар натиҷа Комиссияи олии интихоботии Туркия натиҷаҳои интихоботро бекор ва интихоботи дубора эълом кард, ки норозигии мухолифонро ба бор овард.

Дар ин даври интихобот беш аз ҳаштуним миллион нафар ширкат карданд. Акрам Имомоғлу муваффақ шуд, ки 4,7 миллион раъй ба даст биорад ва рақиби ӯ низ ҳудуди 4 миллион овози интихобкунандагонро аз худ кард. Дар даври пешини интихобот, фосилаи раъйҳои оқои Имомоғлу бо Йилдрам ҳудуди 14 ҳазор раъй буд. Афзоиши ин фосила ба беш аз 700 ҳазор раъй, як шикасти маънодор барои Ҳизби ҳоким дар Туркия ба шумор меравад.

Имомоғлу дар ин интихобот аз сӯи эътилофи "Ҷумҳур" номзад буд. Бинали Йилдрам низ аз сӯи "Эътилофи мардум" -- номзади ду Ҳизби адолат ва рушд ва Ҳаракати миллигарои Туркия буд. Оқои Йилдрам шикасти худ дар ин интихоботро пазируфта, ба Акрам Имомоғлу номаи шодбош фиристода ва гуфтааст, ки ин интихобот нишон дод, ки демократия дар Туркия кор мекунад.

Хабаргузории "Анадолу" ҳам ба нақл аз Акрам Имомоғлу навиштааст, "миллати мо суннати демократии пеш аз сад соли ҳоким бар Туркияро ҳифз кард". Ӯ ҳамчунин натиҷаҳои ин интихоботро оғози наве дониста ва аз омодагӣ барои ҳамкорӣ бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия хабар додааст.

Натиҷаи интихоботи шаҳрдории Истанбул барои ояндаи сиёсии Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Ҳизби адолат ва рушд бисёр муҳим арзёбӣ мешавад.

Ҳизби адолат ва рушди Эрдуғон ҳизбе аст муҳофизакор, ки гароишҳои он бештар ба ислом ва рӯзгори хилофати усмонӣ аст. Дар муқобил, Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ, ҳизби секулор ва миллигаро ва пайрави хатти Камол Отатурк аст. Ҳизби ҳоким пеш аз ин дар интихоботи шаҳрдории шаҳрҳои муҳиме чун Анқара ва Измир низ шикаст хӯрда буд.

Илова бар шикасти ҳизби ҳоким, пирӯзии дигарбораи Акрам Имомоғлу дар интихоботи шаҳрдории Истанбул, ин сиёсатмадори 49-солаи камтаҷриба, вале пурэнержиро намоди пирӯзӣ бар Ҳизби ҳокими Раҷаб Таййиб Эрдуғон табдил кардааст.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG