Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмато пайкараи варзишкор Денис Тен гузошта шуд


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон пайкараи варзишкор Денис Тен (1993-2018) гузоштанд. Вай як сол пеш кушта шуд. Пайкараи вай дар кӯчаи Байсеитов - дар ҷое гузошта шудааст, ки ба Денис Тен ҳамла карда буданд.

Баландии пайкара ду метру 40 сантиметр аст. Дар деворе, ки паҳлӯи пайкара сохта шудааст, ному насаб ва дастовардҳои варзишии Денис навишта шудааст. Дар маросими пардабардории пайкара даҳҳо одам ширкат кард. Дар ин маросим ҳокими шаҳр, фаъолони бахши фарҳангу варзиш суханронӣ карданд.

Пайкара дар ибтидо қарор буд, дар рӯзи таваллуди Денис Тен - 13-уми июн кушода шавад. Аммо ба далели омода набудани корҳои сохтмонӣ кушоиши он 10 рӯз ба таъхир афтод.

Моҳи январи соли ҷорӣ додгоҳ бо айби қатли варзишкор Арман Кудайбергенов ва Нуралӣ Киясовро 18-солӣ зиндонӣ кард. Ҳамчунин Жанар Толибоева барои пинҳон кардани хабари ҳамла 4 сол зиндонӣ шуд.

Гузоришҳои видеоӣ

Баҳси вазъи расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
XS
SM
MD
LG