Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони гурҷӣ бо нимтанаҳои эътирозӣ зидди Русия ба майдон баромаданд


Бозингарони дастаҳои футболи "Локомотив" ва "Руставӣ"-и Тифлис ва "Торпедо"-и Кутайс дар даври 19-уми чемпионати Гурҷистон бо нимтанаҳое ба майдо баромаданд, ки дар он мавқеашон нисбат ба сиёсати хориҷии Русия баён шудааст.

Дар нимтанаҳои футболбозони "Торпедо" навишта шуда буд, ки "Ман аз Гурҷистонам ва Русия кишвари маро ғасб кардааст". Бозингарони ду дастаи дигар бо навиштаи "20%-и ҳудуди Гурҷистон ғасб шудааст" дар нимтанаҳои худ ба майдон баромаданд.

Ба иттилои сомонаи Чемпионат.com, дар ҳайати дастаи "Торпедо" ду бозингари гурҷитабори дастаҳои футболи Русия - Нодар Кавтарадзе аз "Локомотив"-и Москва ва Вахтанг Небиеридзе аз дастаи футболи дигари пойтахти Русия - "Строгино" бозӣ карданд.

Дар порлумони Русия ба амали футболбозони гурҷӣ зуд вокуниш нишон доданд. Вакил аз Ҳизби либерал-демократии Русия Игор Лебедев аз Федератсияи байналмилалии футбол хост, бозигаронро барои нақзи оинномаи ФИФА муҷозот кунад, иқдомҳои сиёсиро дар ҷараёни мусобиқаҳои расмӣ манъ мекунад.

Эътирозҳои оммавии Тифлис 20 июн оғоз шуданд. Сокинони Тифлисро амали вакили порлумони Русия Сергей Гаврилов, ки дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипорлумонӣ дар курсии раиси порлумони Гурҷистон нишаст, ба кӯчаҳо баровард.

Гавриловро дар Гурҷистон барои он бад мебинанд, ки соли 2008 ҳамчун вакили порлумони Русия дар раъйдиҳӣ аз истиқлоли Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ ҷонибдорӣ карда буд. Гурҷистон ин минтақаҳоро қаламрави худ медонад.

Тазоҳургарон истеъфои вазири умури дохилии Гурҷистон ​Георгий Гахарий ва ислоҳоти интихоботиро талаб доранд. Талаби дигари онҳо - истеъфои раиси порлумон Ираклий Кобахидзе иҷро шуд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG