Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори сафорати ИМА ба сокинони Тоҷикистон дар бораи виза


Сафорати Амрико аз сокинони Тоҷикистон хостааст, ки ба ҳар гуна пешниҳод барои гирифтани раводид ё визаи ин кишвар фирефта нашаванд, вагарана осон ба доми фиребкорон меафтанд. Солҳои охир бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар талоши роҳ ёфтан ба Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ҳастанд, то ҷойи кор ва маоши муносиб пайдо кунанд.

Масъулони сафорат рӯзи 23-юми июн дар огоҳии расмӣ дар Фейсбук гуфтанд, иддае бо истифода аз номи созмонҳои мустақар дар Амрико хадамоти додани раводидро пешниҳод ва дар иваз пул талаб кардаанд. Гуфта мешавад, то кунун чандин нафар қурбонии чунин пешниҳод шуда ва шикояти онҳо ба сафорат расидааст.

"Онҳо барои иштирок дар як нишасти байналмилалӣ даъват шудаанд ва барояшон пешниҳод шудааст, ки бояд барои хадамоти виза ду ҳазор доллар пардозанд", -- гуфта шудааст дар огоҳии сафорат.

Масъулони сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфтанд, барои ин ки сокинон ба доми фиребкорон наафтанд, бояд ҳафт қоидаро риоя кунанд. Яке аз онҳо ин аст, ки сафорат боҷ барои визаро ҳаргиз тавассути системаи Western Union қабул намекунад. "Боҷ барои виза дар шакли нақд ва дар рӯзе гирифта мешавад, ки довталабон барои суҳбат даъват мешаванд", -- гуфтанд дар намояндагии расмии Амрико дар Тоҷикистон.

Бархе аз сокинони Тоҷикистон тавассути барномаи “Гринкарт” худро то кишвари, ба қавли онҳо, имкониятҳо мерасонанд. Бархеи дигар шикоят мекунанд, ки гирифтани визаи Амрико осон нест ва ба эҳтимоли зиёд дар ҷустуҷӯи роҳҳои гуногун мешаванд.

Як сокини Душанбе, ки чанд дафъа барои гирифтани визаи Амрико кӯшиш кардааст, гуфт, “онҳо бештар ба одамоне бартарӣ медиҳанд, ки дар Тоҷикистон соҳиби тиҷоратанд, ё моликият доранд, зану фарзандашон ҳаст ва дар бонк амонат ё пасандоз гузоштаанд. Агар аз Амрико, бахусус донишгоҳҳо даъватнома дошта бошанд."

Ду сол пеш ду шаҳрванди Тоҷикистон барои пешниҳоди санаду муҳри қалбакӣ зиндонӣ шуданд.

Ҳар сол тавассути барномаи "Гринкарт" ба ҳисоби миёна беш аз 500 нафар аз Тоҷикистон ба Амрико мекӯчанд.

XS
SM
MD
LG