Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: "Биёед, Эронро дубора бузург созем"


Доналд Трамп

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, рӯзи 24-уми июн зидди Эрон таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад, то ин кишвар ба силоҳи ҳастаӣ дастрасӣ пайдо накунад. Ҳушдори Доналд Трамп як рӯз баъди он садо дод, ки ӯ гуфта буд, фақат даҳ дақиқа пеш аз анҷоми ҳамлаҳо ба Эрон аз тасмими худ баргашт.

Сарнагунии як ҳавопаймои бесарнишини Амрико тавассути Эрон сабаб шуд, ки Трамп фармони ҳамла ба чанд ҳадаф, аз ҷумла марказҳои радари Эронро содир кунад. Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 22-юми июн дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, намегузорад Эрон ба силоҳи ҳастаӣ дастрасӣ пайдо кунад.

"Эрон акнун дар нобасомонии иқтисодӣ ба сар мебарад. Аз дӯзах мегузарад. Таҳримҳо ба ин кишвар зарбаи сахт задааст. Таҳримҳои нав ҳам ба он илова мешавад. Он қадар зиёд, ки боварашро ҳам накунад", -- афзуд ӯ.

Эрон рӯзи 20-уми июн эълон кард, ки як дрони амрикоиро дар ҳарими ҳавоиаш сарнагун кард. Вале артиши Амрико гуфт, ин ҳавопаймои бесарнишин дар фазои байналмилалӣ бар фарози Тангии Ҳурмуз дар парвоз буд.

Доналд Трамп ба хабарнигорон гуфт, пас аз он аз тасмими худ ба ҳамла ба Эрон бозгашт, ки барояш гуфта шуд дар ҷараёни ин ҳамлаҳо мумкин аст то ба 150 эронӣ кушта шавад. Вай гуфт: "Дӯстони зиёди эронӣ дорам. Намехоҳам 150 эрониро бикушам. Ман онро дарк мекунам. Аслан намехоҳам 150 тан кушта шавад, магар ин ки комилан зарурӣ бошад."

Вале Трамп гуфт, интихоби истифода аз нерӯи низомӣ рӯйи миз ҳаст. Президенти Амрико афзуд, "агар раҳбарони Эрон бадрафторӣ кунанд, бо паёмади ногуворе рӯ ба рӯ мешаванд. Агар Эрон бихоҳад бори дигари як миллати сарватманд шавад, хоҳем гуфт: "биёед, Эронро бори дигар бузург созем".

Эрон ҳам зоҳиран кӯтоҳ наомад ва гуфтааст, агар мавриди ҳамла қарор гирад, "посухи таърихӣ" хоҳад дод. Инро "Тасним", хабаргузории вобаста ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, ба нақл аз Абулфазли Шикорчӣ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, рӯзи 22-юми июн гузориш дод.

Шикорчӣ афзудааст, "як хатои низомии душман, бахусус аз сӯи Амрико ва муттаҳидонаш дар минтақа, монанди тирандозӣ ба як анбори борут аст, ки минтақаро оташ мезанад."

Пеш аз ин, Вашингтон Теҳронро ба анҷоми ҳамлаҳо ба чанд нафткаш дар наздикии Тангии Ҳурмуз бо шумули ду нафткаш дар обҳои Халиҷи Амон дар рӯзи 13-уми июн муттаҳам кардааст. Вале Теҳрон ҳар навъ даст доштан дар ин ҳамлаҳоро рад кардааст.

Шиддат ёфтани таниш миёни Вашингтону Теҳрон нигарониҳоеро ба ҳамроҳ доштааст. Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико аз Ҳизби демократ, рӯзи 20-уми июн авзоъро “хатарнок” тавсиф кард ва хоҳони коҳиши танишҳо шуд.

Як сухангӯи Созмони Милал дар Женева ҳам гуфтааст, дабири кул Антонио Гуттереш амиқан нигарон аст ва аз тарафҳо мехоҳад, то оромиши худро нигаҳ доранд.

Шарҳҳоро бинед (10)

XS
SM
MD
LG