Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи Чин ба ҳамсояҳо чӣ медиҳад: қарзҳои ҳангуфт ё шукуфоӣ?


Нишасти раҳбарони кишварҳои шомили "Як камарбанд - як роҳ". Пекин. Моҳи апрели соли 2019
Нишасти раҳбарони кишварҳои шомили "Як камарбанд - як роҳ". Пекин. Моҳи апрели соли 2019

"Тарҳи "Як камарбанд – як роҳ"-и Чин дар он сурат боис ба рушди иқтисод ва коҳиши фақр мешавад, ки дар кишварҳои шомили ин тарҳ ислоҳоти бунёдии сиёсӣ сурат гирад." Ин хулосаи Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди тарҳи пуриддаои Чин аст. Гузориш охири ҳафтаи гузашта нашр шуд.

Бори аввал як созмони эътирофшудаи байналмилалӣ фоида ва зиёни "Як камарбанд - як роҳ"-и Чинро барои кишварҳое, ки шомили ин тарҳ ҳастанд, арзёбӣ кардааст. Вале ба назар мерасад, Чин ба кадом як ислоҳоти сиёсӣ чӣ дар дохил ва ё кишварҳои ҳамсоя манфиатдор нест. Худи Чин ба нақзи озодиҳои динии шаҳрвандонаш, аз ҷумла ақаллияти ӯйғурҳои мусалмон, айбдор мешавад.

Ба иддаои Чин, тарҳи "Як камарбанд - як роҳ" бо бунёди роҳ ва зербиноҳои дигари нақлиётӣ дар кишварҳои шомили он тиҷорат ва гардиши молро густариш медиҳад ва дар ниҳоят боис ба рушди иқтисод ва беҳ шудани некӯаҳволии мардум мешавад.

Муаллифони пажӯҳиш менависанд, тарҳи Чин ҳамон вақт метавонад боис ба рушди иқтисод ва коҳиши фақр шавад, ки ислоҳоти ҷиддии сиёсиро ба ҳамроҳ дошта бошад. Ислоҳоте, ки шаффофиятро бештар ва рискҳои ришватхориву экологиро камтар мекунад.

Розана Ҳимаз, муҳаққиқ аз донишгоҳи Оксфорди Бритониё, дар як мақолаи илмӣ чолишҳои ин тарҳи Чинро таҳқиқ кардааст. Вай менависад, "сармоягузориҳои Чин дар бунёди зербиноҳо боис ба афзоиши қарзи корпоративӣ ва ришватхорӣ шудаанд ва шаҳодати зиёде дар ин бобат рӯ мезанад."

Ба хулосаи ин пажуҳишгар, ин ҳолат хавферо ба миён меорад, ки буҳрони молиявию иқтисодии Чин ба кишварҳои ҳамсояаш "сироят" мекунад.

Интизориҳои Тоҷикистон аз камарбанди Чин

Тоҷикистон ҳамсояи ғарбии Чин аз ин тарҳ умеди зиёд дорад ва талош мекунад сармояҳои бештареро таввасути он ҷалб намояд.

Аммо коршиносон мегӯянд, мақсади Чин аз роҳандозии ин тарҳи пуриддао на пешбурди сиёсат, балки густариши нуфузу тавони иқтисодиаш аст. Алексей Малашенко, корманди Пажӯҳишгоҳи “Муколамаи тамаддунҳо” ва таҳлилгари рус, рӯзи 20-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, барои Пекин ҳеч ислоҳоти сиёсӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, зарур нест.

"Президент кист, ҳукумат чӣ гуна аст ва чӣ рафтор дорад, барои Чин аслан муҳим нест. Муҳим барои Пекин ин аст, ки кишвари ҳамкораш барномаҳои иқтисодии онро қабул кунад. Ин стратегияи Чин аст, яъне ба сиёсати кишварҳо аслан дахолат намекунад, танҳо ба густариш (экспансия)-и иқтисоди худ дар хориҷа машғул аст. Чин натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳама ҷо, ҳатто дар Африқо ҳам, ин сиёсаташро татбиқ мекунад," -- иброз дошт Малашенко.

Ин таҳлилгари рус мегӯяд, ин гуна сиёсати Чин ба элитаҳои ҳукмрон дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон мақбул аст.

"Роҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна барои густариши робитаҳо бо Чин хеле ҳавасманданд. Онҳо аз Чин ба ҳайси як кишвари алтернатива бо Русия истифода мебаранд, моҳирона миёни манфиати абарқудратҳо бозӣ мекунанд ва ҳадафашон танҳо як аст: ҳарчи тӯлонитар мондан дар сари қудрат," -- афзуд Малашенко.

Аммо мақомот дар Тоҷикистон борҳо изҳор доштаанд, ки тавассути тарҳи "Як камарбанд - як роҳи Чин" мехоҳанд, мушкили коммуникатсионӣ ё иртиботии кишварро ҳал кунанд ва роҳи кишварро то ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ ва роҳи арзони баҳрӣ ҳамвортар намоянд.

Пайвастагиҳои нақлиётии Тоҷикистон бинобар релефи мушкили ҷуғрофӣ бо кишварҳои ҳамсояаш мушкил аст. Аз ин рӯ, кишвар умед дорад, ки таввасути ин тарҳи Чин пайвандашро ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ ва обӣ бештар мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар сафари моҳи апрел ба Чин гуфт, Тоҷикистон бовар дорад, ташаббус тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун мекашад. "Мо ба баҳр роҳ надорем. Барои ҳамин, амалӣ гаштани барнома метавонад, кишвари мо ва минтақаро бо роҳҳои обӣ пайваст намояд," -- гуфт ӯ.

Аммо Бонки Ҷаҳонӣ дар таҳқиқоти тозаи худ мегӯяд, аз бунёди зербиноҳо (роҳу пул) дар доираи тарҳи "Як камарбанд - як роҳи Чин" ҳамаи кишварҳо баробар фоида намебинанд. Таҳлилгарони ин созмон гуфтаанд, "харҷи бунёди роҳ ва зербиноҳои дигар дар кишварҳое ба мисли Тоҷикистону Озарбойҷон ва Муғулистон аз фоидааш дида бештар хоҳад буд."

Бино ба хулосаи Бонки Ҷаҳонӣ, аз тарҳи "Як камарбанд - як роҳ"-и Чин аз кишварҳои Осиёи Миёна беш аз ҳама Қазоқистон ва баъдан Қирғизистон фоида мебинанд. Сипас Тоҷикистон ва аз ҳама камтар Туркманистон аз ин тарҳи чиниҳо суд медидаанд.

Тарҳи "Як камарбанд – як роҳ" соли 2013 дар анҷумани XVIII Ҳизби коммунисти Чин эълон шуд, ки ду тарҳи бузург -- "Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим" ва "Роҳи абрешими баҳрии асри XXI"-ро муттаҳид мекунад.

Ин роҳ ба ташаккули даҳлезҳои энержӣ, нақлиётӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Шарқи Наздик нигаронида шудааст. Ҳаҷми умумии гардиши моли Чин бо шарикони "Як камарбанд – як роҳ" ҳудуди 5 триллион долларро ташкил дода, барои 25 кишвари узв Чин бузургтарин шарики тиҷоратӣ гардидааст.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, Чин ба он хотир ин тарҳро рӯи даст гирифт, ки маоши коргарон дар қисмати шарқиаш баланд рафт ва соҳибкорон дар ҷустуҷӯи нерӯи кори арзон корхонаҳоро ба қисмати ғарбии мамлакат кӯч медиҳанд. Аз ин рӯ, Чин мехоҳад бо кушодани роҳҳои нав ва эҳёи Роҳи абрешим барои молҳое, ки дар қисмати ғарбаиаш тавлид мешавад, бозор ёбад.

XS
SM
MD
LG