Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари 6-соларо дар ноҳияи Синои Душанбе оташ задаанд


Акс аз бойгонӣ аст

Як духтари шашсоларо дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оташ задаанд ва ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ карда шудааст. Ҳодиса рӯзи 19-уми июни имсол рух додааст.

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 22-юми июн дар баёнияи расмӣ гуфтанд, "дар робита ба ин ҳодиса се ноболиғ дастгир шуд".

Ҳодисаро муфаттишони Додситонии шаҳри Душанбе таҳқиқ доранд ва то ба ҳол сабабу ангезаи оташ задани духтари шашсола эълон нашудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳодиса изҳори нигаронӣ кардааст. Вале дақиқ нест, масъалаи оташ зада шудани духтари шашсола дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шудааст ё танҳо хабарро то ба президент расондаанд.

Рӯзи ҷумъа маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон буд ва дар хабарҳои расмии хадамоти матбуоти президент дар ин бора ишорае нашудааст.

Бо ин ҳол, мақомот мегӯянд, президент ба вазири тандурустии Тоҷикистон дастур додааст, ки табобат ва нигоҳубини духтари маҷруҳро зери назорати қатъӣ гирад. Дар гузашта раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба қазияи гум шудани Малика ва Сабина Араловаҳо дар Душанбе дахл карда ва онро "ҷинояти доғдоркунандаи миллат" номида буд.

Як рӯз пеш сомонаи "Фараж" навишт, ҳодиса замоне иттифоқ афтод, ки "духтари шашсола бо дугонаҳояш дар назди бинои истиқоматӣ бозӣ мекарданд". "Ноболиғон духтарро ба симтур баста, оташ задаанд", -- навишт сомона.

Падари духтар Шерзод Зулфонов ба "Фараж" гуфтааст, "ин ҷиноятро бачаҳои деҳаи дигар содир кардаанд, ки бекоранд ва рӯзи дароз деҳа ба деҳа мегарданд." Ӯ ба нақл аз пизишкон гуфтааст, 65 дарсади бадани духтар сӯхтааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG