Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси порлумони Гурҷистон дар пайи эътирозҳо истеъфо дод. ВИДЕО


Раиси порлумони Гурҷистон Ираклий Кобахидзе рӯзи 21-уми июн пас аз эътирозҳои шаби гузашта, ки мунҷар ба даргирӣ миёни эътирозгарон ва пулис дар беруни бинои порлумон шуд, аз мақомаш истеъфо дод.

Матни истеъфономаи Кобахидзеро рӯзи 21-уми июн ба хабарнигорон шаҳрдори Тбилиси Каха Каладзе, дабири кулли ҳизби ҳокими "Руъёи гурҷӣ пас аз мулоқоти раҳбарони ин ҳизб, қироат кард. Худи Кобахидзе ҳам дар утоқе, ки баёния барои хабарнигорон қироат мешуд, қарор дошт, вале бидуни ироаи шарҳе, маҳаллро тарк кард. Яке аз раҳбарони ҳизби ҳоким рӯзи 21-уми июн гуфт, ки раҳбари аксарияти порлумонӣ Арчи Талаквадзе номзади ягона барои ҷойнишинии Кобахидзе ба шумор меравад.

Раҳбарони мухолифони Гурҷистони субҳи 21-уми июн аз сокинон даъват карданд, ки дигарбора ба хиёбонҳои Тбилиси бароянд ва истеъфои Кобахидзе ва вазири умури дохилии Гурҷистонро талаб намоянд. Эътирозгарон ҳамчунин талаб карданд, ки интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ баргузор шавад.

Нишасти хабарии намояндагони ҳизби ҳокими Гурҷистон.
Нишасти хабарии намояндагони ҳизби ҳокими Гурҷистон.

Григол Вашадзе, раҳбари Ҳаракати ваҳдати миллии Гурҷистон аз сокинон даъват кард, ки соати 7:00 ба вақти маҳаллӣ дар назди бинои порлумон ҷамъ оянд. Дар ин маҳал рӯзи 20-уми июн миёни пулиси зидди ошӯб ва эътирозгарон даргирӣ сурат гирифта буд.

Ба эътирози бегоҳи панҷшанбе, иштироки вакили порлумони Русия Сергей Гаврилов дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипорлумонии ду кишвар сабаб шудааст. Сергей Гаврилов пеш аз сафари худ ба Гурҷистон гуфт, аз эътирофи Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ ҳамчун қаламрави Русия ҷонибдорӣ мекунад.

Пулиси зидди шӯриш дар Гурҷистон дар пароканда кардани тазоҳуроти назди бинои порлумони ин кишвар, аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода кард. Тибқи иттилои манобеи бемористонии Гурҷистон, дар ҳодиса даҳҳо нафар, аз ҷумла кормандони пулис осеб дидаанд.

Бегоҳи рӯзи панҷшанбе наздики даҳ ҳазор одам дар назди бинои порлумони Гурҷистон ҷамъ шуданд. Эътирозгарон талаб доштанд раиси порлумон ва вазири умури дохилии Гурҷистон истеъфо диҳанд. Раиси порлумон Ираклий Кобахидзе қаблан гуфта буд, ки аз мақомаш истеъфо доданӣ нест.

Пас аз он, ки шаби гузашта эътирозгарон аз назди бинои порлумон ба ақиб ронда шуданд, пулис талош кард, ки онҳоро аз хиёбонҳои аслии Тбилисӣ низ дур кунад, аммо эътирозгарон ба муқовимати худ идома доданд ва пулис аз гази ашковар истифода кард.

Ҳузури вакили рус дар парламент боиси задухӯрди эътирозгарони гурҷӣ бо полис шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Бисёре аз эътирозгарон талош карданд, ки худро аз гази ашковар тавассути ниқобҳои тиббӣ (маска) ва бастани даҳону бинии худ бо лисобҳои худ, муҳофизат кунанд. Ба навиштаи расонаҳо, эътирозгарон сипарҳои муҳофизатии шуморе аз кормандони пулисро аз худ карданд.

Давид Сергенко, мушовири нахуствазири Гурҷистон гуфтааст, ки дар ин ҳодиса беш аз 70 нафар - 39 маъмури пулис ва 30 ғайринизомӣ бо ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол ёфтаанд. Аммо шабакаи телевизионии Руставӣ-2 шуморае касонеро, ки ба бемористонҳо интиқол дода шуданд, бештар аз 100 нафар гуфтааст.

Гиги Угулава, раҳбари яке аз аҳзоби мухолиф гуфт, "мо аз ҳукумат хостем, ки ин мардро (манзур Гаврилов) иҷоза надиҳад инҷо биояд, аммо онҳо иҷоза доданд, на танҳо иҷоза доданд, ки марзи Гурҷистонро убур кунад, балки дар курсии раиси порлумон нишонданд. Пас, ин як таҳқири бузург барои ин миллат аст ва бинобар ҳамин, мардум бо вуҷуди тиру ва гази ашковар инҷо ҳастанд ва ҳанӯз муқовимат мекунанд".

Гаврилов, ки аз ҷонибдорони эътирофи Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ ҳамчун қаламрави Русия мебошад, аз тарафдорони сарсахти президент Владимир Путин низ ҳаст, ки бисёре дар Гурҷистон дар нисбати ӯ назари нек надоранд. Гурҷистони соли 2008 дар пайи як рӯёрӯии низомӣ бо Русия контроли Абхазистон ва Осетияи ҷанубиро аз даст дод.

Гурҷистон ва Русия пас аз ҷанг робитаҳои дипломатии худро қатъ карданд, ҳарчанд иқдомоте барои барқарор ва оддисозии ин муносибатҳо анҷом шуд, аммо ҳассосияту бадбинӣ дар нисбати Маскав ҳамоно дар миёни гурҷиҳо болост.

XS
SM
MD
LG