Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайёҳи хориҷӣ: Дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон мушкил аст. ВИДЕО


Дар ҳоле ки Тоҷикистон ба сайёҳони хориҷӣ бе сабти ном симкорт медиҳад, баъзе аз ҷаҳонгардон аз мушкили Интернет дар кишвар шикоят карданд. Онҳо гуфтанд, аз сад то панҷсад мегабайт Интернет дар Тоҷикистон зуд тамом мешавад.

Дар шабу рӯзе, ки дар Тоҷикистон баҳси сабти номи дубораи симкортҳо гарм аст, бо як тасмим сайёҳони хориҷӣ бе мушкил ва бидуни сабти ном соҳиби симкорт мешаванд. Вале барои ин танҳо ба яке аз ширкатҳои мобилӣ имтиёз дода шудааст.

Тақдими симкортҳои ройгон ба сайёҳони хориҷӣ бар асоси як қарордод миёни ширкати Tcell ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сурат мегирад, ки ахиран тасвиб шудааст. Ин симкортҳоро, ки барои 10 рӯз пешбинӣ шудааст, меҳмонони хориҷӣ метавонанд дар нуқтаи махсусе дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ҳамчунон аз шӯъбаҳои милисаи сайёҳӣ дастрас кунанд. Гуфта нашудааст, ки чаро танҳо як ширкати мобилӣ дар ин барнома иштирок мекунад ва оё барои он озмуне бо ҳузури ҳамаи ширкатҳо сурат гирифтааст ё не. Дар ҳолати феълӣ ин барнома ба таблиғи ширкати Tcell мусоидат мекунад.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, сайёҳон аз тариқи симкортҳои ройгони Tcell​ метавонанд, ба пулиси сайёҳӣ занг зананд ва аз хабарҳои муҳими Тоҷикистон огоҳ шаванд. Бар илова, дар сурати пеш омадани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва вазъияти изтирорӣ, ба сайёҳон паёмакҳои огоҳкунанда ирсол мешавад.

Пешниҳоди симкорти ройгони Tcell барои сайёҳони хориҷӣ дар ҳолест, ки ҳоло аксари ҷаҳонгардони хориҷӣ аз симкорти кишварҳои худ истифода мекунанд. Хариду истифодаи симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон низ барояшон арзон нест ва шояд дар оянда ба иллати пайванди симкортҳо бо шиносномаҳои палстикӣ мамнуъ гардад.

Истиқбол аз тасмими симкортҳои ройгон барои сайёҳон

Танг Чунгуа, сайёҳ аз Ҷумҳурии мардумии Чин се рӯз қабл барои сайёҳат ба Тоҷикистон омад. Мегӯяд, нахост барои як ҳафта симкорти тоҷикӣ харад ва бинобар ин, барои тамос бо хонаводааш бо нархи нисбатан гарон тавассути роуминг аз симкорти чинӣ истифода мебарад.

"Ман мехостам симкорте аз ширкатҳои мобилии шумо бихарам. Аммо, ба назари ман, барои як ҳафта ин зарур нест. Дӯстонам гуфтанд, барои сайёҳон гарон тамом мешавад",-мегӯяд, Танг Чунгуа, сайёҳ аз Чин. Ин сайёҳ аз роҳандозии иқдоми симкорти ройгони сайёҳӣ истиқбол кард.

Симкорти муваққатии ройгон барои сайёҳони хориҷӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Симкортҳои сайёҳӣ 100 дақиқа барои гуфтугӯ ва 100 мегабайт интернет дорад. Меҳмонони хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, барои онҳо аз ҳама муҳим ҳаҷми бастаи интернет бо суръати хуб аст. Танг Чунгуа меафзояд, феълан дар ҷаҳон бештар ба таъмини сайёҳон бо интернети хуб бартарӣ медиҳанд.

"Ба фикри ман, агар ҳаҷми интернети дохили симкорти ройгон бештар бошад, барои мисол, 500 мегабайт, ин хеле хуб аст. Аммо 100 дақиқаи ройгон он қадар муҳим нест, зеро ҳоло кам касон аз гуфтугӯи телефонӣ истифода мекунанд".

Бо фарорасии фасли гармо ва мавсими сайру сайёҳат, шумораи меҳмонони хориҷӣ мисли Танг Чунгуа дар кӯчаҳои Душанбе ва дигар манотиқи кишвар бештар ба назар мерасад. Яке пойи пиёда бо борхалтаҳои сайёҳии худ, яке бо дучарха ва гурӯҳе ҳам тавассути нақлиёти ширкатҳои туристӣ аз мавзеҳои таърихиву сайёҳии пойтахту манотиқи дигар дидан мекунанд.

Бардоштҳои як сайёҳи турк

Ундар, шаҳрванди Туркия, ки дар майдони "Дӯстӣ" (рӯбарӯи бинои порлумон) бо мо сӯҳбат мекард, гуфт, тибқи нақшаи таҳиякардааш ин тобистон ба тамошои кишварҳои Осиёи Марказӣ баромад. Баъди сайёҳат дар Қазоқистону Узбекистон ҳоло ӯ ба Душанбе омадааст.

Як сайёҳи хориҷӣ дар Душанбе.
Як сайёҳи хориҷӣ дар Душанбе.

Ундар, ки сустбин аст, мегӯяд, зимни саёҳат истифода аз барномаҳои махсуси интернетӣ кори ӯро осон мекунад. Аммо дар Тоҷикистон ӯ ба фарқ аз кишварҳои дигари ҳамсоя, дар масъалаи дастрасӣ ба интернет мушкил доштааст.

"Ман як симкорти маҳаллиро ба маблағи ҳудуди 50 сомонӣ харидам ва он ҳам интернеташ барои 2 соат кор карду халос. Аз ин симкорт ҳоло фақат мешавад занг зад. Дар Узбекистону Қазоқистон мо дар пайдо кардани роҳ ва ҳалли мушкилоти дигари худ бештар аз интернет истифода мекардем, ки осон буд",-афзуд ин сайёҳи турк.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, сайёҳон метавонанд пеш аз омадан ба кишвар тавассути ширкатҳои сайёҳӣ барои гирифтани SIM-корт дархост фиристанд. Барои дархости пешакӣ бояд шиносномаи хориҷӣ ва раводиди электронӣ пешниҳод намоянд.

Сабукӣ дар гирифтани симкорт ба меҳмонони хориҷӣ дар ҳоле аст, ки ин шабу рӯз дар Тоҷикистон мардуми зиёд барои сабти номи дубораи симкортҳои худ талош доранд. Сабти номи дубораи симкортҳо, ки танҳо пас аз иваз кардани шиносномаҳои куҳна бо шиносномаҳои нав даст медиҳад, дар ҷомеа баҳсу норозигии зиёдеро ҳам ба миён овардааст.

Иқдоми Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон

Сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе.
Сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе.

Мақомот дар Тоҷикистон солҳои ахир бо роҳандозии иқдомҳои мухталиф ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба кишвар талош доранд. Чанде пеш дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе гӯшаи махсусе барои маълумотдиҳӣ ба сайёҳон таъсис ёфт. Бо ҳадафи ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва рушди соҳа Тоҷикистон аз соли 2016 низоми судури раводиди электрониро ба роҳ андохт.

Вазорати умури хориҷӣ гуфт, раводиди электронӣ ва ё "e-Visa" имкон медиҳад, "раванди гирифтани раводиди Тоҷикистон содда гардад, шумораи сайёҳонро ба Тоҷикистон зиёд шавад ва расмиёти раводидро барои тоҷирон осон мекунад.

Расман дар Тоҷикистон ҳоло 145 ширкати сайёҳӣ фаъол аст. Соли 2018 дар кишвар соли рушди сайёҳӣ эълон шуд ва мақомот гуфтанд, ки дар он сол бештар аз 900 ҳазор ба Тоҷикистон омадааст. Ҳоло мақомот онҳо қасд доранд, теъдоди меҳмононро аз 1 миллион нафар бештар кунанд.

XS
SM
MD
LG