Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз ним миллиард доллари Чин ба "Талко". Аммо бо чӣ шарт?


Корхонаи алюминийи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Корхонаи тавлиди алюминиюми Тоҷикистон - "Талко" - ниҳоят интизории бисёрсолаи худро бароварда сохт: бо маблағгузории як ширкати давлатии Чин дар давоми ду соли оянда ин корхона навсозӣ мешавад.

Созишномае, ки моҳи апрели имсол дар Пекин имзо шуд, рӯзи 15-уми июн дар мулоқоти раҳбарону Тоҷикистону Чин дар Душанбе ба тасвиб расид.

Санади миёни "Талко" ва ширкати China Machinery Engineering Сorporation 545 миллион доллар арзиш дошта, барқарорсозии хатти истеҳсоли алюминийро дар ҳаҷми 300 ҳазор тонна дар сол пешбинӣ мекунад. Ин созишнома яке аз муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистон дар бахши нави ҳамкориҳо бо Чин аст, ки қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон ва сармоягузори муҳими кишвар мебошад. Ҳаҷми умумии қарзҳои берунии Тоҷикистон то моҳи апрели имсол 2 миллиарду 915 миллион доллар ҳисоб шуда, 80 дарсади он марбут ба Чин аст.

Созишномае бо будҷаи ҳангуфт мисли бисёр шартномаҳои дигари ҳамкорӣ бо Чин суолҳоеро дар заминаи шарту шурути ин созиш ва боздеҳи Тоҷикистон эҷод мекунад. Алҳол рӯшан нест, ки тарафи Чин дар ивази чунин сармоягузорӣ ба навсозии "Талко" чӣ хоҳад гирифт: маҳсулот ё назорат ба кори корхона? Коршиносон масъаларо пурра таҳлил карда наметавонанд, чун шартҳои созиш алҳол эълон нашуданд.

Алюминий дар баробари нахи пахта яке аз маҳсулоти муҳими содиротии Тоҷикистон ба шумор меравад, вале солҳои охир нархи он дар бозори ҷаҳонӣ коҳиш меёбад. Дар матни стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо ҳам гуфта шудааст, алюминий маҳсулоти асосии содиротӣ аз Тоҷикистон ба ИА буда, соли 2007 дар ҳаҷми 268 миллион евро, вале соли 2018 – дар ҳаҷми 47 миллион евро содирот шудааст. Ба навиштаи муаллифони гузориш, ин нишондод бо далели “пайваста коҳиш ёфтани нархи алюминий шадидан кам шудааст”.

Дар ширкати "Талко" мегӯянд, даромади корхонаи алюминий соли 2018 ҳамагӣ 18 миллион долларро ташкил додааст, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ночиз аст. Аз коҳиши даромади корхона президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи натиҷагирии соли 2018 интиқод карда буд.

Умеди "Талко": Харҷ кам ва даромад бештар мешавад

Вале ҳоло ширкати алюминиюми Тоҷикистон мегӯяд, умед дорад бо навсозӣ шудани корхона, ҳаҷми истеҳсолот ва хароҷоти он коҳиш меёбад. Соли гузашта, ба иттилои Игор Сатторов, роҳбари бахши равобит бо ҷомеа дар ширкати "Талко", дар ин корхона 96 ҳазор тонна алюминийи хом истеҳсол шуд ва имсол корхона ба афзоиши 20-дарсадии истеҳсолот умед дорад. Ба иттилои ӯ, дар доираи созишномаи нав, ду сехи корхона пурра навсозӣ шуда, дар онҳо дар маҷмӯъ 428 дегдони нав насб карда мешаванд.

Сатторов рӯзи 20-уми июн гуфт: "Танҳо дар ин ду коргоҳ мо ҳамасола 300 ҳазор тонна алюминий тавлид хоҳем кард, ки баробари нақшаи лоиҳавии худи корхона мебошад. Ҳоло дар як дегдон барои тавлиди як тонна алюминий мо ҳудуди 23 ҳазор киловолт нерӯи барқ масраф мекунем, дар дегдонҳои нав танҳо 13,5 ҳазор киловолт нерӯи барқ сарф мешавад. Ҳамчунин ҳоло барои як тонна алюминий мо 15 кило криолит сарф мекунем, дар дегдонҳои нав бошад танҳо 1 кило криолит сарф мешавад".

Игор Сатторов аз тарҳи нав ба унвони "истеҳсолоти сабз" ситоиш кард.

Зарурат ба навсозӣ амри воқеист, вале...

Мусоҳибони дигари Радиои Озодӣ мегӯянд, зарурати навсозӣ шудани корхонаи солҳои 70-ум бунёдшудаи "Талко" ҳарчанд мавзӯи баҳси дерина аст, бо вуҷуди навсозӣ шуданаш ин бахши саноат “аз гурӯҳи истеҳсолоти ифлос” ба шумор меравад. Ва чиниҳо, ки бо мушкилоти муҳити зист даст ба гиребонанд, "манфиатдори аз хоки худ берун бурдани чунин навъи корхонаҳо мебошанд".

Ин андешаро ба Радиои Озодӣ ду коршиноси мустақил баён карданд. Яке аз онҳо корманди собиқи РусАл - ширкати азими алюминиюми Русия аст, ки ба шарти фош нашудани номаш гуфт, иддао дар мавриди аз ҷиҳати экологӣ безиён ва ё камзиён будани технологияҳои Чин дуруст нест. Ӯ гуфт, мақсади асосии Чин ин аст, саноатеро, ки ҳаворо зиёд олуда мекунад, аз қаламраваш берун барорад ва боз ҳам ин гуна корхонаҳоро дар хориҷа зери даст дошта бошад, то саноати рӯзафзуни Чин бо ашёи хом, аз ҷумла алюминий таъмин бошад.

"Барои Чин то ба ҳол масъалаи экология муҳим набуд. Намешавад гуфт, ки технологияҳои онҳо барои муҳити атроф безарар мебошад", - гуфт корманди собиқи РусАл. Вай афзуд: "Фанновариҳое, ки Фаронса барои истеҳсоли алюминий пешниҳод мекунад, аз ин ҷиҳат беҳтаранд. Аммо аз ҷиҳати сарфакорӣ, албатта, технологияҳои Чин бартарӣ доранд. Камтар барқ харҷ мекунанд, ашёи хом камтар сарф мешавад."

Шореҳи тоҷик Нур Сафаров мегӯяд, умедвор аст, ҳамкориҳои нав бо чиниҳо масъалаи дигари дарднок барои "Талко" – таъмини хокаи алюминийро низ ҳал мекунад, ки оғози солҳои 2000-ум ба як баҳси асосӣ бо ширкати русии РусАл табдил шуда буд. “Зоҳиран, ҳукумати Чин ва ширкатҳои ҳамкори "Талко" аз ҳукумати Тоҷикистон замонатҳои муайяне дарёфт кардаанд". Ба саволи ин ки ин замонатҳо ё шартҳо чӣ буда метавонад, коршинос гуфт, дар ин замина танҳо мақомоти масъул ва сатҳи боло бояд посух бидиҳанд.

Сармоягузор, шартҳои нонавишта ва набуди шаффофият

China Machinery Engineering Corporation (CMEC) – пудратчии кул ё фармоишгари аслии тарҳи навсозии "Талко" - соли 1978 таъсис ёфта, беш аз 70 дарсади саҳмияҳояш ба давлати Чин тааллуқ дорад. Ин ширкати азим дар 47 кишвари дунё ҳузур дорад ва таҷҳизоту фанновариҳои саноатии тавлиди Чинро ба хориҷа содир мекунад. Музокироти масъулони ширкати давлатии "Талко"-и Тоҷикистон бо Чин ҳудуди 7 соли охир идома дошт. Моҳи апрели соли равон Жанг Чун, мудири ширкати CMEC, дар изҳороти расмии худ гуфта буд, навсозии корхонаи "Талко" "пас аз иҷрои шартҳои муайян сар мешавад". Аммо ӯ нагуфт, ки ин кадом шартҳо ҳастанд.

Коршиносон дар дохилу хориҷи Тоҷикистон ношаффофӣ ва аз ҷомеа пинҳон мондани созишномаҳои бузург бо Чинро ҳамчун хусусияти хоси кори ширкатҳои чинӣ ва аз ҳамин ҷиҳат ҳам мояи нигаронӣ арзёбӣ мекунанд.

Вале ба андешаи Умед Давлатов, ходими пешбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, "эътимоди соҳибкорони чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон далели вуҷуди шаффофият дар сармоягузории онҳо мебошад. Зеро онҳо дарк мекунанд, ки амнияти сармоягузории онҳо таъмин мебошад". Дар ин амр, ба гуфтаи ӯ, таҷдиди ширкати "Талко" саривақтӣ аст. Ба гуфтаи ин коршинос, корхонаи алюминийи Тоҷикистон дар нимаи дувуми асри 20 сохта шуда, таҷҳизоташ фарсуда шудааст ва бо ҳамин сабаб маҳсулоташ "дар бозори ҷаҳонӣ чандон рақобатпазир нест". Ӯ гуфт, ҳамкорӣ бо Чин метавонад дар пешрафти ин соҳа мусоидат кунад.

Вале ба суоли ин ки манфиати Чин аз ин сармоягузорӣ чӣ мешавад, феълан ҳеҷ як мақоми дахлдор омода нест, сӯҳбат кунад. Иқтисодшиноси тоҷик Шамсиддин Ҷалолов мегӯяд: "Чин қабл аз сармоягузорӣ ба "Талко" дақиқ ташхис кардааст, ки оё сармоягузорӣ судовар хоҳад буд ё не? Онҳо бе таҳлили амиқ ба ҳеҷ корхонае сармоягузорӣ намекунанд. Чин кишвари абарқудрат аст ва ҳадафҳои стратегии худро дорад. Чин барномаи худро шояд барои 50 ё 100 сол пеш таҳия кардааст". Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Ҷалолов, "худи мутахассисони Чин низ пайваста мақсаднок истифода шудани сармоягузориаш дар иқтисоди Тоҷикистонро назорат мекунанд" ва бо ин роҳ талош мекунанд пеши роҳи фасоду хатарҳои пулшӯӣ гирифта шавад.

Ба бовари ин ва дигар коршиносон, нигарониҳои амниятии Пекин аз шӯришиёни уйғур дар вилояти Шинҷон ва ҳамсоягӣ бо Афғонистон Чинро водор мекунад, ки дар фикри дастгирии иқтисодии ҳамсояаш Тоҷикистон бошад.

Баҳсҳои атрофи Талко

Ширкати Талко, ки замони Шӯравӣ яке аз корхонаҳои муҳими истеҳсолӣ буд ва то солҳои 1990-ум 45 дарсади даромади будҷаи Тоҷикистонро ташкил медод, солҳои истиқлолият ба як муассисаи мавриди таваҷҷӯҳи ҳам ҳукумат ва ҳам матбуоту мунтақидон табдил шуд. Дар матбуот ва арзёбиҳои коршиносони бетараф, фаъолияти ширкати аз назари ношаффофиаш мавриди баҳс будааст.

Пажӯҳишгари ғарбӣ Эдвард Лемон дар гузорише бо номи "Кишварҳои давраи гузариш дар соли 2018" навишт, "Талко ба ширкатҳое тааллуқ дорад, ки дар Ҷазираҳои Вирҷини Британия сабт шудаанд. Ба ҷои он ки даромади Талко дубора ба будҷа ворид карда шавад, он ҳамчун манбаи пул барои хароҷоти шахсии мақомдорони баландпоя истифода бурда мешавад".

Ба назари ин ва дигар мунтақидон, истифодаи усули толлинг ва сабтиноми ширкати офшфори "Талко менеҷмент" дар ҷазираҳои Вирҷиния, шафофияти молиявиро аз байн мебарад ва оффшорҳо маҳз ба хотири рӯйпӯш кардани хилофкориҳои молиявӣ ташкил шуданд.

Аммо мудирони аршади "Талко" ду сол қабл дар посух ба суоли хабарнигорон дар ин робита гуфта буданд, ширкат бисёре аз ашёи хоми зарурӣ барои тавлиди алюминийро аз хориҷа мехарад ва "барои доду ситад бо коршарикони гуногун доштани як ширкати оффшор зарур аст".

Интиқоди умда аз "Талко" дар матбуоти тоҷик ин қимати имтиёзии истифодаи нирӯи барқ аст, ки дар муқоиса бо хароҷоти корхонаҳои дигари истеҳсолӣ ва ҳам сокинон хеле ночиз аст. То ду соли қабл, ки дар фасли сармо аҳолии кишвар дар шароити маҳдудияти барқ ба сар мебурд, баҳсҳо сари харҷи зиёди барқ аз сӯи "Талко" ва он ҳам бо нархи хеле камтар аз аҳолӣ доғ мешуд.

Имрӯз ҳам "Талко" нерӯи барқро бо нархи боимтиёз дарёфт мекунад. Мувофиқи тарофаҳои вежае, ки ҳукумат тасдиқ кардааст, "Талко" як киловатт/саот нерӯи барқро аз 1-уми май то 30-уми сентябр бо нархи 7,20 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел бо арзиши 11,80 дирам харидорӣ мекунад. То ин замон нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ ва дигар корхонаҳо ду дафъа боло бурда шуд, аммо нархи барқ барои “Талко” бетағйир монд. Аҳолӣ дар Тоҷикистон барои як киловатт-соат нерӯи барқро бо қимати 19,37 дирам пардохт мекунад, ки гаронтар аз харҷи ширкати саноатӣ мебошад.

Аммо масъулони "Талко" иддао мекунанд, ки ин ширкат “харидори яклухти барқ аст ва албата аз нархи чакана бояд арзонтар бихарад”.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG