Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати украинӣ: "Чархаи дувуми Роғун расман ба кор даромад"


Ширкати украинии "Днепр-Спецгидроэнергомонтаж" аз васлу насб ва ба кор даромадани чархаи дувуми нерӯгоҳи барқиву обии Роғун хабар дод.

Дафтари матбуоти ин ширкат рӯзи 18-уми июн бо нашри изҳорот гуфт, чархаи дувуми Роғун рӯзи 5-уми июни имсол ба кор дароварда шудааст. "Днепр-Спецгидроэнергомонтаж" ҳамчунон нусхаи номаи Маҳмадсаид Шамсуллозода, сармуҳандиси нерӯгоҳи Роғунро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, "васлу насби чарха мувофиқ ба талаботи фармоишгар анҷом дода шуд".

Дар насб ва ба кор даровардани ду чархаи нерӯгоҳи Роғун ба ҷуз ин ширкати украинӣ, мутахассисони тоҷик аз ширкати "Тоҷик-СГЭМ" иштирок кардаанд.

Ду чархаи нерӯгоҳи Роғун ба таври муваққат насб шудааст ва мувофиқи нақша, қарор аст, то соли 2021 барқ истеҳсол кунанд ва баъдан иваз карда хоҳанд шуд.

Чархаи якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун рӯзи 16-уми ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд. Вале дар моҳи марти имсол чархаи аввал аз кор монд ва мақомот пас аз чанд ҳафтаи сарусадо "хабарҳои холӣ кардани обанборро аз об" тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, ин кор "ба хотири таъмир ва санҷиши чархаи аввали нерӯгоҳ" сурат гирифтааст.

Ин вазъият ба истифода додани агрегати дуюми неӯгоҳи Роғунро, ки қарор буд моҳи апрел ба кор сар кунад, низ ба таъхир гузошт.

Нерӯгоҳи Роғун 6 чарха хоҳад дошт ва дар сурати пурра ба кор даромаданаш солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои содир кардан ба Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд.

Тоҷикистон то ба ҳол бештар бо маблағҳои худӣ сохтмони нерӯгоҳи Роғунро давом медиҳад. Ба иттилои Вазорати молия, Тоҷикистон соли 2019 аз будҷа 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ (ҳудуди 222 миллион доллар) маблағ ҷудо кардааст. Соли гузашта барои сохтмони Роғун кишвар 4,7 миллиард сомонӣ равона карда буд, ки аз он 3,4 миллиард сомонӣ аз ҳисоби будҷа ва боқӣ аз пули евробондҳо ба даст омада буд.

Акнун сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ба марҳалаи бунёди сарбанди асосӣ ворид шуд, ки сармояҳои ҳангуфтеро тақозо дорад. Вале кишвар имкони аз будҷаи худ ҷудо кардани маблағи бештар аз инро надорад ва аз ин рӯ барои ҷалби сармояи бештар ба Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат кардааст.

Шарҳҳоро бинед (9)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG