Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: суръати афзоиши аҳолӣ кам шуд, Ҳинд аз Чин мегузарад


То соли 2050 аҳолии кураи Замин тақрибан ба 9 миллиарду 700 миллион нафар хоҳад расид, аммо суръати афзоиши аҳолӣ камтар шуда, бисёре аз давлатҳо ба масъалаи пиршавии мардуми худ рӯбарӯ хоҳанд гашт. Ҳинд аз рӯйи саршумори аҳолӣ аз Чин гузашта, ба сернуфустарин кишвари ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Ин нукот меҳвари гузориши нави СММ дар бораи аҳолиро ташкил медиҳанд.

Бо такия ба арқоми ин гузориш Пажуҳишгоҳи Pew ба натиҷае расидааст, ки дар оғози садаи XXII афзоиши аҳолӣ амалан қатъ мешавад. Коҳиши сахти он дар байни солҳои 2050 то 20100 рӯй медиҳад ва он гоҳ афзоиши аҳолӣ ҳамагӣ 1 миллиарду 300 миллион нафарро ташкил хоҳад дод.

Дар гузориши СММ гуфта мешавад, ки аҳолии Ҳиндустон дар соли 2027 аз аҳолии Чин дида бештар мешавад ва шумори мардуми Африқо ба ҷануб аз Саҳрои Кабир ду баробар бештар мегардад. Суръати аз ҳама баландтари зиёдшавии аҳолӣ дар Ҳинд, Нигерия, Покистон, Конго Ҳабашистон, Танзания, Индунезӣ, Миср ва ИМА ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Аммо ин афзоиш бо коҳиши таваллуд дар ҷаҳон ҳамроҳ хоҳад буд. Агар соли 1990 ба ҳар модар 3,2 кӯдак рост меомад, дар соли 2019 ин нишондиҳанда то 2,5 кам шуд ва дар соли 2050 то 2,2 поин хоҳад омад.

То соли 2050 ҳар нафари шашуми Замин аз 65-сола боло хоҳад буд. Барои қиёс, соли 2018 ҳар нафари ёздаҳум 65-сола буд. То соли 2050 чаҳоряки сокинони Аврупо ва Амрикои Шимолӣ аз 65-сола боло хоҳанд буд. Интизор меравад, ин ба афзоиши харҷи давлатӣ барои таъминоти иҷтимоӣ, нафақа ва тандурустӣ боис хоҳад гашт.

Гузоришҳои видеоӣ

Дар шаш моҳ 10 ҳазор тоҷик шаҳрванди Русия шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
XS
SM
MD
LG