Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский ба Фаронсаву Олмон меравад


Володимир Зеленский
Володимир Зеленский

Қарор аст, Володимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина нахустин сафари хориҷиашро аз Фаронса ва Олмон шурӯъ кунад. Ӯ ҳамин ҳафта рӯзи 17-уми июн аввал ба Париж меравад ва бо Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дар Кохи Элисей мулоқот мекунад. Зеленский дар ҳоле ба Аврупо сафар мекунад, ки қасд дорад, ислоҳот дар Украинаро амиқтар кунад ва талошҳоро барои ҳалли муноқиша дар шарқи кишварро бештар намояд.

Дар ин қисмати кишвар неруҳои давлатӣ бо ҷудоиталабони тарафдори Русия меҷанганд. Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Фаронса гуфт, мулоқот бо Макрон “имкон фароҳам меорад, ки кӯмаки Фаронса ба ислоҳоти хостаи раиси ҷумҳури нави Украина баррасӣ шавад.” Масъалаи ғасби нимҷазираи Қрими Украина аз тарафи Русия ҳам баррасӣ мешавад. Раиси ҷумҳури Украина рӯзи 18-уми июн ба Берлин меравад ва бо Франк Валтер Штейнмайер, раиси ҷумҳури Олмон мулоқот мекунад.

XS
SM
MD
LG