Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Ҳамадонӣ хумдонҳои асри бириниҷиро пайдо карданд. АКС


Ёрмаҳмад Саидов мегӯяд, "хумдонҳо боарзиштар аз ҷавоҳиротанд."
Ёрмаҳмад Саидов мегӯяд, "хумдонҳо боарзиштар аз ҷавоҳиротанд."

Сокинони яке аз деҳоти ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дар ҷануби Тоҷикистон ҳангоми кандани хандақ се хуми бузурги боқимонда аз аҳди бостонро пайдо кардаанд.

Хумҳои гуногунро, ки аз як метр бузургтаранд, дар гӯристони Обкӯҳи деҳаи Тудабоён рӯзи 9-уми июн ёфтаанд. Ёрмаҳмад Саидов, раиси Кумитаи маҳаллии Тӯдабоён, ки дар берун овардани хумдонҳо ширкат доштааст, рӯзи 16-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки осори бостониро чанд сокини деҳа тасодуфан пайдо кардаанд:

Ҳангоми кандани хандақ ва ҷудо кардани замини чарогоҳ аз роҳи пиёдагарди деҳа ногаҳон нӯги бели яке аз сокинони деҳа ба чизи сахт бармехӯрад ва баъди пайдо кардани хум онҳо ба ман занг заданд. Азбаски хумдон пур аз гил буд, сокинони дигаре, ки дар онҷо буданд, фикр мекунанд, ки мумкин аст, ҷавоҳирот дошта бошад, завқманд шуда, аз беэҳтиётӣ хумдони аввалро мешикананд.”

Карим Шарипов, раиси шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ рӯзи 17-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ сокинони деҳа хумдонҳо ва баъзе аз осори дигари бостониро пайдо кардаанд ва ҳамаи онҳоро ба осорхонаи ноҳия бурдаанд. Ӯ афзуд, “Хумдонҳоро бо машварати мутахассисони вазорати фарҳанг дуруст печонида дар осорхона мондем.” Карим Шарипов афзуд, ба сокинони деҳа тавсия додаанд, ки дар ин маҳал дигар коре накунанд, зеро мумкин аст, осори бостонии дигар онҷо бошад.

Гӯристони “Обкӯҳ” дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба феҳрасти мавзеъҳои фарҳангии Тоҷикистон шомил шудааст. Сунаттулло Муродов, таърихшиноси тоҷик дар як таҳқиқе дар бораи ҳафриёт дар ҷануби Тоҷикистон навиштааст, ки “Дар мавсими корҳои ҳафриётии соли 2002, дар Обкӯҳ 45 қабр кушода шуд, ки аз ин миқдор 38-тояш ба маданияти бостоншиносии Вахш, 5-тояш ба аҳди Кушониён мутааллиқ будааст. Ин ёдгории бостонӣ мутааллиқ ба охири асри биринҷӣ ва ибтидои асри оҳан, яъне охири ҳазораи 2 ибтидои ҳазораи 1 то мелод мебошад. Дар дохили қабрҳо, дар паҳлӯи ҷасадҳо, ки ба гунаи қатъшуда гӯронида шудаанд, зарфҳои зиёди сафолӣ ва дар қабрҳои занон асбобу олоти ороишии сангию филизӣ пайдо шудаанд.”

Ёрмаҳмад Саидов ҳам афзуд, дар воқеъ онҷо ҷасади зани дигаре пайдо кардаанд, ки дар дасту пойҳо ва гарданаш занҷиру дастпона ва гарданбанди мисӣ доштааст. Ҳоло маълум нест, хумдонҳои бостониро дар осорхонаи ноҳия нигаҳ медоранд ва ё ба осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ месупоранд, аммо Карим Шарипов гуфт, умедвор аст, яке аз ин хумдонҳо дар осорхораи ноҳия ҳамчун як ашёи даври бостон ва гаронбаҳо мемонад.

XS
SM
MD
LG