Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти узбек парвандаи "хиёнат ба давлат"-и дипломати пешинро шарҳ доданд


Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон парвандаи ҷиноиеро шарҳ дод, ки зидди корманди пешини Вазорати умури хориҷии ин кишвар Қодирҷон Юсупов бо гумони хиёнат ба давлат боз шудааст.

Расонаҳо бо истинод ба Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон навиштаанд, ки Юсупов гӯё аз соли 2015 то соли 2018 бо мақомоти махсуси кишвари хориҷӣ ҳамкорӣ карда, дар ҷамъоварии маълумот, аз ҷумла дар бораи фаъолияти хадамоти мазкур ва амалҳои душманона зидди Узбекистон мусоидат кардааст.

Ҳафтаи гузашта созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи "Human Rights Watch" (HRW) аз Тошканди расмӣ даъват кард, ки Юсуповро фавран аз зиндон раҳо кунад. HRW гуфт, дипломати пешинро дар зиндон шиканҷаву таҳқир мекунанд.

"Вай 10 сол пеш аз фаъолият дар вазорати корҳои хориҷӣ канор рафт. Қарор аст, ҷаласаи аввали додгоҳии вай 17-уми июн доир шавад, вале мақомот ӯро бояд пеш аз баргузории ҷаласа озод ва шиканҷа шуданашро таҳқиқ кунанд", - омадааст дар изҳороти HRW.

Юсупови 67-сола дар вазорати умури хориҷии Узбекистон 27 сол кор кард. Соли 2009 аз кор барканор шуд ва ба навиштани мақолаҳои таҳлилӣ шуруъ кард. Ӯро моҳи декабри соли 2018 бо айби хиёнат ба давлат ҳабс карданд ва айни ҳол аз бемории равонӣ ранҷ мебарад.

XS
SM
MD
LG