Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон гуфт, мушакҳои русии С-400 моҳи июл ба Туркия мерасанд


"Интиқоли низоми зиддимушакии русии С-400 сар аз моҳи июл ба Туркия шуруъ мешавад", гуфт президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон.

Созиши Анқара бо Москва дар бораи доду ситади низоми зиддимушакӣ боис шуд, ки байни Туркияву ИМА таниш сар занад. ИМА бовар дорад, маҷмуаи С-400 барои ҳавопаймоҳои амрикоии тирандози F-35 хатар эҷод мекунад. Дар Вашингтон гуфтанд, ба далели созиши доду гирифти маҷмуаи зиддимушакии русӣ, Анқараро аз хариди F-35 маҳрум мекунанд.

Вашингтон ҳамчунин Туркияро аз эҳтимоли эъломи таҳримро огоҳ кард. Патрик Шэнахэн, иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи ИМА пештар аз ин гуфта буд, агар Туркия аз хариди маҷмуаи зиддимушакии русӣ даст накашад, дар он сурат аз хариди ҳавопаймоҳои F-35 маҳрум мешавад.

Эрдуғон гуфт, ин масъаларо бо президенти ИМА Доналд Трамп дар саммити "Бистгонаи бузург" моҳи ҷорӣ баррасӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG