Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдорони наздик ба Назарбоевро толори махсуси фурудгоҳҳо хизмат мерасонанд


Дар Қазоқистон мансабдорони наздик ба президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоевро толорҳои махсуси фурудгоҳҳо хизмат мерасонанд. Дар ин бора дар лоиҳои нави фармони ҳукумат зикр шудааст, ки 14-уми июн ба баррасии умум гузошта шуд.

Дар рӯйхати мансабдороне, ки бояд дар фурудгоҳҳо тавассути толорҳои махсус гузар кунанд, мудири иҷроияи Бунёди президенти нахустин ва муовинони вай, роҳбари дастгоҳи Пешвои миллат ва муовинонаш, ёвар ва мушовири Назарбоев шомил шудаанд.

Нурсултон Назарбоев, ки қариб 30 сол бидуни танаффус Қазоқистонро роҳбарӣ кард, моҳи марти соли ҷорӣ истеъфо дод. Аммо вай ваколатҳои фаровоне дорад: пешвои якумрии миллат, раиси Шӯрои амнияти кишвар, раиси ҳизби ҳокими "Нур Отан", узви Шӯрои Конститутсионӣ аст.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG