Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил дар заминҳои ишғолӣ бо номи Трамп шаҳрак месозад


Сарвазири Исроил Бинёмин Натаняҳу 16-уми июн аз як нишони ёдгорӣ бо номи "Баландиҳои Трамп" дар минтақае пардабардорӣ кард, ки ба гуфтаи ӯ, дар ояндаи наздик дар онҷо шаҳраки наве бунёд хоҳад шуд.

Ин шаҳрак дар баландиҳои ишғолии Ҷулон аз сӯи Исроил бунёд мешавад. Президенти ИМА Доналд Трамп моҳи марти соли равон ин минтақаро расман қаламрави Исроил эътироф кард. Ба навиштаи The Washington Post, ташкили баландиҳои Трамп яке аз нишонаҳои дигари шукуфоии равобити ИМА ва Исроил аст.

Баландиҳои Ҷулон то соли 1967 ба Сурия тааллуқ доштанд. Вале дар натиҷаи ҷанги моҳи июни ҳамон сол бештари ин минтақа зери идораи Исроил даромад. Дертар, соли 1981 порлумони Исроил бо қабули як қонун минтақаи мазкурро ҳудуди худ эълом кард, вале Шӯрои амнияти СММ онро эътироф накард. СММ борҳо баландиҳои Ҷулонро ишғолӣ номида, аз Исроил хост, минтақаро ба Сурия баргардонад.

Димишқ ва бештари кишварҳои ҷаҳон низ ба Исроил тааллуқ доштани минтақаи мазкурро эътироф намекунанд.

XS
SM
MD
LG