Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Чин аз дӯстӣ бо Тоҷикистон ситоиш кард


Сӣ Ҷинпин шоми 14 июн вориди Душанбе шуд ва дар фурудгоҳ ӯро худи президент Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдор Рустами Эмомалӣ ва мақомоти дигари тоҷик пешвоз гирифтанд
Сӣ Ҷинпин шоми 14 июн вориди Душанбе шуд ва дар фурудгоҳ ӯро худи президент Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдор Рустами Эмомалӣ ва мақомоти дигари тоҷик пешвоз гирифтанд

Дар ҷараёни сафари давлатии президенти Чин ба Тоҷикистон масоили марбут ба амният ва ҳамкориҳо дар Осиё, суботи минтақавӣ ва эҷоди ояндаи беҳтар бо “хусусиятҳои осиёӣ” баррасӣ мешавад. Дар ин бора дар мусоҳибааш ба хабаргузории давлатии "Синхуа" сафири Чин дар Тоҷикистон Лиу Бин хабар додааст.

Рӯзи 15-уми июн Сӣ Ҷинпин, президенти Чин дар баробари ширкат дар ҷаласаи машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, меҳмони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин сафари давлатии Ҷинпин дар ҷашни 66-солагиаш мегузарад.

Субҳи шанбе президенти Русия Владимир Путин ҳамчун тӯҳфа ба Ҷинпин, ки Путинро “як дӯсти беҳтарин номидааст”, як қуттӣ яхмоси русии “Пломбир” тақдим кард.

Сафари давлатии раҳбари Чин дар нимаи дуюми рӯз шурӯъ шуд.

Дар остонаи диду боздидҳои Сӣ Ҷинпин ва Эмомалӣ Раҳмон раҳбари намояндагии дипломатии Чин дар Тоҷикистон гуфт, ин сафар “дар равобити дуҷонибаи ду кишвар саҳифаи тоза боз карда, ҳамкориҳои кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав мебарорад”.

Лиу Бин ёдовар шуд, ки бори аввал Ҷинпин соли 2014 бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омада буд ва муносибатҳои ду кишвар ва ҳамкориҳои ба вижа иқтисодӣ аз он замон то кунун шоҳиди пешрафти назаррасе шуд.

“Чину Тоҷикистон дӯстони беҳтарин ҳастанд”, --гуфт сафир ва афзуд, "ин ду давлат дар масоили марбут ба манфиатҳои калидӣ аз якдигар пуштибонӣ мекунанд".

Ӯ инчунин гуфт, Чин сармоягузори бузурги Тоҷикистон буда, шарики сеюми тиҷоратии Душанбе аст. Ба гуфтаи сафир, мизони тиҷорати байни ду кишвар дар соли гузашта аз марзи 1,5 миллиард доллар гузашт.

XS
SM
MD
LG