Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодӣ Онлайн. "Агар русҳо ҳамин рафторро дар ватани мо кунанд..." ВИДЕО


Баҳси бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия фурӯ нанишаст ва баъди баёнияи Маҳмадсаид Убайдуллоев доғтар шуд. Баъзеҳо аз садо баланд кардани раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон хурсанд шудаанд, аммо баъзе онро баёнияи беасар мешуморанд.

Аз ҷумла, "Мажор" дар вебсайти Радиои Озодӣ навишт: "То миллат дар ватанаш қадр надошта бошад, ин ҳарфҳо пуч аст. Дар Русия ба мисли тоҷик каси беқадр надидам. 25 сол зиёд зиндагӣ мекунам ва ҳамаашро мебинам. Ба ҳамааш шумо гунаҳкоред, ҳукуматдорон."

Фарҳод Раҷабзода дар Фейсбук навиштааст, агар айни ҳодиса дар Тоҷикистон мешуд, чӣ балое ба сари гунаҳкор намеомад. "Агар русҳо дар ватани мо ҳамин рафторро кунанд ва ягон варзишгари фаъоли моро кушанд, аз русҳо дида бадтар мекардем!"

Диловар менависад, "агар дар Русия кӯрпашша мурад, ё тоҷик гунаҳкор аст, ё узбеку қирғиз."

Нафари дигаре дар Инстаграм гуфтааст: "Гӯиё дар Тоҷикистон ин корро намекунанд. Дар Тоҷикистон аз ин бадтар мекунанд ва ба ҳадде, ки қатли ҳар нафарро ба гардан мегирӣ."

Шумораи нави "Озодӣ Онлайн"-ро дар ин ҷо бинед:

Озодӣ Онлайн. "Агар русҳо ҳамин рафторро дар ватани мо кунанд..."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Бигзарем ба роҳи Душанбе-Хуҷанд, ки ҳамин ҳафта вакилон ба сари харҷи 5 миллион доллари Покистон барои он баҳс доштанд.

Як корбаре, ки нахостааст, номашро бигӯяд дар вебсайти Озодӣ навиштааст: "Аз дасти ҳаракат дар роҳҳои пасту баланди деҳоти Рӯдакӣ сутунмӯҳраамон каҷ шуд. Намешавад, ки пули Покистонро барои таъмири ин роҳҳо харҷ кунанд?"

Фаррух вакилонро ба он муттаҳам кардааст, ки сабаби мушкилот мешаванд. Ӯ навиштааст: "Бадбахтона хомӯшии шумо буд, ки IRS, ширкати Амирӣ, Фароз ва Талко барин ширкатҳои худӣ аз молиёту пули барқ озод шудаанд."

Воқеан, яке аз вакилон, Шариф Раҳимзода ҳам дар вебсайти мо дар бораи манъи воридоти орди бевитамин ба Тоҷикистон аз ҷумла аз Қазоқистон шарҳ навишта ва гуфтааст: "Ғанигардонӣ бо витамин танҳо ба орди навъи якум ва олӣ дахл дорад, зеро ҳангоми аз сабус тоза кардани онҳо витамину минералҳо низ хориҷ мешаванд ва аз ин рӯ бояд баргашта барқарор карда шаванд."

Шумо ҳам назаратонро бигӯед, бо видео, бо садо ва аз ҳар роҳе, ки метавонед ба мо бирасонед. Ба воситаи Вотсапп, Телеграм, Вайбер ва ё ИМО. То дидор дар барномаи дигар!

XS
SM
MD
LG