Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозорҳои баста, кӯчаҳои камодам. Душанбе дар рӯзҳои нишасти CICA. ВИДЕО


Душанбе дар рӯзи аввали нишасти панҷуми сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба як шаҳри камодам ва қариб холӣ аз мошин табдил ёфтааст.

Рӯзи 14-уми июн пойтахти Тоҷикистон як рӯзи таътилро мемонад. Фурӯшгоҳҳои бузурги молу коло, ки дар рӯзҳои маъмулӣ хеле серодаманд, дар ин рӯз пурра дарҳои хадро ба рӯйи харидорон бастаанд.

Бозори “Корвон”, бозори бузургтарин дар қисмати ҷанубии шаҳр ҳам дар ин рӯз ба таври ғайримуқаррарӣ орому беодам аст. Ин бозор ҳам бо он ки дур аз маркази шаҳр ҷойгир шудааст, дар ду рӯзи баргузории нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар пойтахт баста хоҳад буд.

Дастури бастани дари фурӯшгоҳу бозорҳои калони шаҳр бо ҳадафи таъмини амният, дар рӯзҳои баргузории нишасти президентҳо дар Тоҷикистон гирифта шудааст.

Бархе аз тоҷирони бозор аз ин дастур чандон хушҳол нестанд ва мегӯянд, ин ду рӯз аз кору савдо хоҳанд монд. Равшаной Салимова, як тоҷири бозори “Корвон” рӯзи 14-уми июн гуфт, бозор бо дастури мақомот бастааст. Ӯ гуфт, рӯзи панҷшанбеи 13-уми июн низ то нимарӯзӣ кор кард. “Ҳамин тавр ба мо гуфтанд рӯзҳои ҷумъа ва шанбе ҳам кор намекунем”, -- афзуд Равшаной Салимова.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Чаро рӯзи ҷумъа бозорҳои Душанбе баста буданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00

Онҳое, ки ба воситаи расонаҳо ва мақомот аз дастури баста будани бозорҳо дар рӯзҳои нишаст огоҳ буданд, рӯзи ҷумъа худро ташвиш надоданд ва аз хона берун нашуданд. Вале онҳое, ки бехабар аз ин дастур барои хариди молу маҳслоти зарурӣ ба бозор омаданд, дасти холӣ бармегаштанд.

Барои кормандони бархе аз ниҳодҳои давлатӣ аз ҷумла барои омӯзгорону донишомӯзони мактабу донишгоҳҳо ҳам дар ин ин рӯз таътил эълон шудааст. Бисёре аз боғчаҳои кӯдаконаи шаҳр ҳам фаъолият намекунанд.

Ба муҳассилин ҳам фаҳмонидаанд, ки дар рӯзҳои нишаст ба дарс наоянд ва бе зарурат ба хиёбонҳои шаҳр набароянд. Лайло, хонандаи як мактаби шаҳр, мегӯяд: “Ба мо дар мактаб гуфтанд, ки дар ин ҷо нишасти муҳим баргузор мешавад ва меҳмонони олимақоми зиёде меоянд.”

Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои қудратӣ ҳам гуфтанд, кормандони пулис дар рӯзи истиқбол ва оғози нишасти сарони кишварҳо дастур гирифтаанд, ки талбандаҳоро аз кӯчаҳои маркази шаҳр берун кунанд. Дар воқеъ, ба фарқ аз рӯзҳои дигар, дар ин рӯз дар гӯшаву канори хиёбонҳои маркази шаҳр афроди талбанда ба назар намерасиданд.

Бозори "Корвон" рӯзи 14-уми июн баста буд
Бозори "Корвон" рӯзи 14-уми июн баста буд

Дар хиёбонҳои марказии шаҳр дар ин рӯз бештар кормандони пулис ва нозирони роҳ ба назар мерасанд, ки ҳаракати нақлиётро назорат мекунанд. Сохторҳои қудратӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд ва ба иттилои мақомот бехатарии меҳмонони олимақомро дар маҷмӯъ чаҳор ҳазор корманди вазорати корҳои дохилӣ, амният ва ниҳодҳои дигари масъул таъмин хоҳанд кард. Қаблан дар кишвар аз чунин тадбирҳои амниятӣ кор гирифта намешуд.

Дар нишасти 5-уми сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки рӯзҳои 14 ва 15-уми июн дар Тоҷикистон баргузор мешавад, дар маҷмӯъ раҳбарону мақомоти баландпоя аз 41 кишвари дунё иштирок хоҳанд кард. Интизор меравад, Душанбе рӯзи 16 -уми июн дубора ба ҳолати маъмулии худ баргардад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG