Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори озарӣ бо гумони хиёнат ба давлат боздошт шуд


Баррасии озодии баён дар Озарбойҷон. Акс аз бойгонӣ.

Дар Озарбойҷон рӯзноманигор Полад Аслановро дастгир карданд. Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар гуфт, рӯзноманигор дар хиёнат ба давлат айбдор мешавад

Асланов муассис ва сармуҳаррири сомонаҳои хабарии xeberman.com ва press-az.com аст. Ба гуфтаи муфаттишон, рӯзноманигор дар берун аз Озарбойҷон бо намояндагони мақомоти махсуси кишварҳои хориҷӣ пинҳонӣ мулоқот карда, мукофот ҳам гирифтааст. Ӯ гӯё рӯзноманигорони дигари озариро низ бо онҳо шинос кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо гуфтанд, ки дар Озарбойҷон рӯзноманигорон пайваста мавриди фишору таъқиби мақомот қарор доранд. Ин кишвар соли равон дар раддабандии озодии баёни "Гузоришгарони бидуни марз" дар миёни 180 кишвар дар мақоми 166 қарор дода шуд. Як сол пеш он дар зинаи 163-ум буд.

Гузоришҳои видеоӣ

"Маро заданд, дору доданд ва таҷовуз карданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00
XS
SM
MD
LG