Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакил ба авбошӣ муттаҳам шуд. Тирандозӣ ба сӯи одамон ё моҳихӯрак? САДО


Мустафо Расулов
Мустафо Расулов

Мустафо Расулов, вакили Маҷлиси шаҳри Ваҳдат, дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ӯро ба авбошӣ ва тирандозӣ ба сӯи ноболиғон муттаҳам мекунанд. Наздиконаш гуфтанд, "ӯ қурбони туҳмат шудааст".

Мустафо Расулов, вакили Маҷлиси шаҳри Ваҳдат аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистонро рӯзи 10-уми июн маъмурони милиса боздошт карданд. Баъди ду рӯз, Вазорати умури дохилӣ ин ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, вакил ба авбошӣ ва истифода аз силоҳ муттаҳам аст. Аз рӯи ин иттиҳом ба ӯ аз панҷ то ҳафт соли зиндон таҳдид мекунад.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, рӯзи 12-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, вакил Мустафо Расулов ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Сухангӯи ВКД дар посух ба суоли он ки наздиконаш Расуловро бегуноҳ медонанд, гуфт, "барои оғози парвандаи ҷиноӣ далели кофӣ вуҷуд дорад."

Бо ин ҳама, Умарҷони Эмомалӣ афзуд, тафтиш нисбат ба Мустафо Расулов идома дорад ва мунтазири натиҷаҳои ниҳоии он мешаванд.

Мақомот ин вакили шаҳриро бар асоси шикояти чанд сокини Ваҳдат боздошт кардаанд. Ин гуруҳи сокинон дар аризаи худ ба мақомот гуфтаанд, Мустафо Расулов дар назди ҳавзи моҳипарвариаш гӯиё ба сӯи аҳолӣ тир холӣ кардааст. Иддаое, ки наздикони Расулов онро беасос медонанд.

Як узви маҷлиси шаҳри Ваҳдатро ба авбошӣ муттаҳам карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00
Линки мустақим

Саёҳат Расулова, духтари Мустафо Расулов, рӯзи 12-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳе ба падараш туҳмат задаанд ва мехоҳанд ҳавзи моҳидорӣ ва заминашро бигиранд.

Духтари Мустафо Расулов мегӯяд, падараш дар ҳақиқат дар назди ҳавзи моҳидорӣ аз силоҳ тир паррондааст, вале на ба сӯи мардум, балки ба тарафи моҳихӯракҳо.

"Падарам аз баландӣ ба сӯи мурғобиҳо тир кушодааст. Дар ҳамин ҳол, гурӯҳе дар поин моҳӣ медуздидаанд ва падарам онҳоро надидааст. Вақте падарам ба сӯи паррандаҳо тир мезанад, инҳо аз поён мегурезанд. Хаёл мекунанд, ки тирпарронӣ ба сӯи онҳо будааст,” -- гуфт духтари Мустафо Расулов.

Ба гуфтаи Саёҳат Расулова, яроқи падараш қонунӣ буд. Наздикони Мустафо Расулов гуфтанд, ӯ маъюби гуруҳи севум аст ва баъди боздошт вазъаш бад шуд. Хешу табори ин вакил аз он шикоят доранд, ки бо гузашти ду рӯз ӯро надидаанд ва ҳатто ба вакили мудофеъ иҷозаи мулоқот намедиҳанд.

“Маҷлиси Ваҳдат аз вакилаш даст мекашад”

Наздикони Мустафо Расулов дар ҳоле ба бегуноҳии ӯ исрор меварзанд, ки раиси маҳаллаи Ганҷинаи шаҳри Ваҳдат дар ин бора назари дигар дорад. Ҳавзи моҳипарварии Расулов дар ин минтақа ҷойгир аст ва ба гуфтаи мақомот ҳодисаи тирпарронӣ низ дар инҷо рӯй додааст.

Исмоил Ғафуров, раиси маҳаллаи Ганҷина ба Радиои Озодӣ гуфт, худаш тирпарронии Мустафо Расуловро надидааст, аммо чанд сокини деҳа аз ин кор ба ӯ шикоят карданд. “5-6 нафар шикоят доранд, ки дар лаби дарё ноболиғон оббозӣ доштанд ва Расулов ба тарафи онҳо тир холӣ кардааст. Мумкин, ин кор дар ҳудуди ҳавз шуда бошад. Ба Расулов хабар додаанд, ки аз ҳавзат моҳӣ дуздида истодаанд ва ӯ омада тир мепарронад”, -- гуфт ӯ.

Раиси маҳалла гуфт, ҳодиса дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз рух дод ва онҳо аз номи сокинон ба мақомот шикоят бурданд.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, ки Мустафо Расулов узви он аст, дар ин бора расман изҳори назар накардааст. Аъзои он бояд ваколати Расуловро қатъ кунанд, вале рӯзи бекор кардани мандати вакили боздоштшуда маълум нест. Ва ҳам дақиқ нест, ин Маҷлис аз вакили худ ҳимоят мекунад ва ё аз ӯ даст мекашад.

Қаблан вакилони маҳаллӣ дар Тоҷикистон аз масуният ё дахлнопазирӣ бархӯрдор буданд, вале соли 2013 вакилони маҳаллӣ аз ин имтиёз маҳрум шуданд.

XS
SM
MD
LG