Колоколтсев инчунин гуфт, ният дорад барканории сардори Раёсати умури дохилии минтақаи ғарбии Маскав Андрей Спучков ва сардори Раёсати мубориза бо маводи мухаддири пойтахт Юрий Девяткинро талаб кунад. Кормандони полисе, ки Голуновро дастгир карда буданд, аз вазифаҳо барканор шудаанд.
Хабарнигори рус Иван Голуновро рӯзи 6-уми июн дар Маскав дастгир ва ба фурӯши маводи мухаддир муттаҳам карданд. Полис гуфт, аз ҷузвдони Голунов ва хонааш маводи мухаддир ёфтааст.
Вале Голунов таъкид карда буд, ки мақомот мехоҳанд, ба ин васила аз ӯ барои гузоришҳояш дар бораи фасоду ришвахорӣ интиқом гиранд. Ӯ гуфт, маводи мухаддирро дар сумкааш ҷой кардаанд.
Созмонҳои байналмилалӣ, хабарнигорони шинохта, сиёсатмадорон ва фарҳангиён ба ҳимоят аз Иван Голунов бархостанд ва таҳқиқи мунсифонаи парвандаро талаб карданд.
Иван Голунов бо гузоришҳои таҳқиқотиаш дар мавзӯи коррупсия дар миёни мақомоти давлатӣ дар Маскав ва атрофи он шинохта шудааст. Вай дар гузашта дар телевизиони “Дождь” бо Леонид Парфенов ва Ксения Собчак кор карда, бо расонаҳое ба мисли РБК, "Ведомости", Forbes ва "Слон" ҳамкорӣ доштааст.
Даҳҳо ҳазор нафар эъломияеро ба дифоъ аз Иван Голунов имзо карданд ва созмонҳои байнулмилалӣ озодии ӯро талаб намуданд.