Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев баъди адои савганд, ба Бишкеку Душанбе сафар мекунад


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти муваққати Қазоқистон гуфт, маросими савгандёдкунии президент рӯзи 12-уми июн баргузор хоҳад шуд.

"Маросими савгандёдкуниро тасмим дорем, 12-уми июн баргузор кунем, агар Комиссияи интихоботӣ то он замон натиҷаҳои расмии раъйдиҳиро эълон кунад", - навиштанд расонаҳо аз қавли Тоқаев.

Тоқаев афзудааст, ба ин далел 12-уми июнро интихоб кардааст, ки 14-уми июн дар Қирғизистон нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор мешавад. "Ман бояд ба Бишкек ва баъдан ба Душанбе равам. Беҳтар аст, ки дар ин нишастҳо президенти Қазоқистон аз салоҳиятҳои комил бархӯрдор бошад", - гуфт Қосимҷомарт Тоқаев.

Комиссияи марказии интихоботии Қазоқистон мегӯяд, натиҷаҳои аввал нишон додаанд, ки Тоқаев 70,76 дарсади овози мардумро соҳиб шудааст.

Интихоботи президентии Қазоқистон рӯзи 9-уми июн баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG