Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як зани 45-солаи тоҷик дар Амрико аз ҷониби шавҳараш


Лола Ғуломова

Бино ба гузориши “Вашингтон Пост”, Лола Ғуломова як зани 45-солаи тоҷикро шавҳараш дар шаҳри Вашингтон куштааст. Рӯзнома рӯзи 8-уми июн бо нашри як гузориши муфассал дар ин бора навишт, ки Ҷейсон Риф шавҳари 51-солаи Лола Ғуломова, баъди куштани ҳамсари тоҷикаш худкушӣ кардааст.

Ҳарду дар муассисаҳои марбут ба равобити хориҷии Амрико кор мекардаанд ва қарор будааст, рӯзи ҷумъа 5-уми июн дар додгоҳ аз ҳам ҷудо шаванд. Фоҷиа дар ҳамин рӯз рух додааст. Аз ин ҷуфт, ду духтар ятим мондааст.

Рӯзнома навиштааст, ки мушкилоти ду нафар соли 2015 шуруъ шудааст ва азми Лола Ғуломова барои кори чаҳорсола дар Белград хашми шавҳарашро барангехтааст.

Ба навиштаи “Вашингтон Пост”, Лола Ғуломова дар Оҷонси Кайҳоншиносии Амрико, сафорати Амрико дар Маскав кор карда ва дар ҳамоҳангсозии сафари Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба Ҳинд дар соли 2010 кӯмак кардааст. Дар саҳифаи ӯ дар Фейсбук наздику ошноён аз даргузашти муфоҷояш изҳори ғаму андӯҳ кардаанд.

XS
SM
MD
LG