Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолу ҳавои пеш аз интихоботи президентӣ дар Қазоқистон. ВИДЕО


Рӯзи 9-уми июн дар Қазоқистон интихоботи зудҳангоми президентӣ баргузор мешавад. Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Қазоқистон гуфт, дар дохил ва хориҷи кишвар даҳ ҳазор нуқта ва ҳавзаи овоздиҳӣ ташкил кардаанд.

Бори аввал дар варақаҳои овоздиҳӣ номи президенти пешин Нурсултон Назарбоев дарҷ нашудааст.

Ин раҳбари худкома, ки тақрибан се даҳа бе танаффус дар курсии президентӣ такя зада буд, моҳи марти имсол ва дар 78-солагӣ аз қудрат канор рафт. Вале раҳбари доимии Шӯрои амният ва ҳизби ҳокими “Нур Отан” монд.

Дар интихоботи рӯзи якшанбе ҳафт нафар довталаби курсии президентианд. Яке аз онҳо раиси ҷумҳури муваққат Қосимҷомарт Тоқаев аст, ки аз пуштибонии Назарбоев бархӯрдор аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, бисёриҳо тахмин мезананд, ки ҷилави қудрат дар Қазоқистон пурра ба дасти Тоқаев мегузарад. Ӯ ва Назарбоев рӯзи 7-уми июн ва як рӯз пеш аз қатъи таблиғоти интихоботӣ дар форуми ҳизби ҳокими “Нур Отан” пайдо шуданд. Дар ин ин форум донишҷӯёни зиёде буданд. Бархе аз донишҷӯён гуфтанд, ки онҳоро маҷбурӣ овардаанд.

Видео: Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ? Донишҷӯёнро ба маъракаи таблиғи Тоқаев кӣ овард?

Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ? Донишҷӯён дар маъракаи ҳимоят аз Тоқаев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Ҳимояти пинҳону ошкори мақомот аз Тоқаев дар ҳолест, ки баъзе аз созмонҳои мухолифон интихоботи президентиро бойкот кардаанд.

Амирҷон Косанов, номзад ба мақоми президентӣ, рӯзи 7-уми июн дар шаҳри Нурсултон ба телевизиони “Настоящее время” гуфт: “Ин интихобот хеле ҷолиб хоҳад буд, чун давраи интиқоли қудрат аст. Фикр намекунам, ҳатто элитаи ҳукмрон дар масъалаи ҳимоят аз номзади худ (президенти муваққат Қосимҷомарт Тоқаев) мавқеи яксон дошта бошанд."

Интизор меравад дар рӯзи интихобот ва баъди он гирдиҳамоиҳои эътирозӣ баргузор шавад. Додситонии кулли Қазоқистон пеш аз пеш мардумро аз оқибатҳои тазоҳуроти ба гуфтаи мақомот ғайриқонунӣ ё бидуни иҷоза ҳушдор додааст.

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон ҳам гуфт, дар остона ва рӯзи интихобот нерӯҳои пулис ба ҳолати омодабош медароянд. Пулиси шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон, рӯзи 7-уми июн хонаи чанде аз фаъолонро кофтукоб кард.

Мақомоти пулис дар номае ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин амалиёт дар доираи таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ дар бораи ҳамкорӣ бо созмони “Интихоби демократии Қазоқистон" сурат гирифтааст. Ин созмон марбут ба Мухтор Аблязов, мухолифи ҳукумати Қазоқистон аст, дар хориҷа қарор дорад ва борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба баргузории гирдиҳамоиҳо даъват кардааст.

Аз соли 1991 то кунун дар Қазоқистон панҷ интихоботи президентӣ, аз ҷумла се интихоботи ғайринавбатӣ ё зудҳангом баргузор шудааст, ки ҳамеша ғолибаш Нурсултон Назарбоев будааст.

Вале нозирони ғарбӣ ягон бор интихоботҳои Қазоқистонро озоду одилона ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ эътироф накардаанд.

XS
SM
MD
LG