Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 куштаву захмӣ. Садамаи муҳоҷирон аз Файзободу Ҳисор ва Рашт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бар асари садамаи нақлиётӣ дар наздикии вилояти Самараи Русия се муҳоҷири тоҷик аз ноҳияҳои Файзободу Ҳисор ва Рашт ҷон бохта, чаҳор тани дигар бо захмҳои шадид дар бемористон бистарӣ шудаанд. Вазъи яке аз маҷруҳон муътадил арзёбӣ мешавад, дигарон дар ҳолати вазнин ва дар шуъбаи эҳёгарианд.

Ҳодиса рӯзи 7-уми июн, ҳангоми бозгашти муҳоҷирон аз марзи Қазоқистону Русия, рух додааст. Онҳо баъди се моҳи кор дар Маскав барои қонунӣ кардани будубоши худ як дафъа марзи Русияву Қазоқистонро гузашта, дубора ба Маскав бармегаштанд, то ба кори худ идома диҳанд. Онҳо дар сохтмон ва фурудгоҳи "Домодедово" кор мекарданд.

Яке аз наздикони муҳоҷирони фавтида рӯзи 8-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, мошини Lada Largus дар роҳ ба сӯи Толятти ба як кран бархӯрдааст. Ба қавли ӯ муҳоҷирони фавтида аз 23 то 28 сол доштанд ва баъзеи онҳо бародарон буданд.

Дар ин ҳодиса Афзалшоҳ Каримзода аз деҳаи Даштимарзои Файзобод, Саидзода Садами Аброр аз Ҳисор ва Қурбонов Исломиддин Раҳматуллоевич аз Рашт ҷон бохтаанд ва ҷасади онҳо феълан дар сардхона аст. Қурбонов Сахидод аз Рашт ва Садриддин Каримзода аз Файзобод (ному насаби ду тани дигар ба мо маълум нест) маҷруҳ шудаанд.

"Баробари ба кран бархӯрдан, мошини муҳоҷирон сахт осеб дидааст. Онҳоро бо як азоб аз дохил гирифтаанд", -- гуфт яке аз наздикони муҳоҷирони фавтида.

Пулиси вилояти Самара дар шарҳи ҳодиса гуфтааст, мошини ҳомили муҳоҷирон гӯё бо суръати баланд ҳаракат мекард ва ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст.

Аз аввали моҳи июн дастикам ду садамаи пурқурбонии муҳоҷирони тоҷик ҳангоми убури марзи Русияву Қазоқистон сабт шудааст, ки дар он панҷ нафар ҷон бохта ва шаш тан маҷруҳ шудаанд. Дар аввали моҳ Муҳаммад ва Мансур Гурезовҳо аз ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон низ баъди убури марзи Қазоқистон дар садама ҷон бохтанд.

Бино ба қонунҳои муҳоҷирати Русия, шаҳрвандони хориҷӣ, маҷбуранд, пас аз 180 рӯзи иқомат дар ин кишвар онро тарк кунанд. Ин ҳол дар соли 2014 бо қоидае ҷорӣ шуд, ки онро "180/90" низ меноманд. Аммо дар асл шаҳрвандони ИДМ бояд на танҳо марзро убур кунанд, балки танҳо пас аз 3 моҳи зиндагӣ дар хориҷ аз Русия дубора ба он баргарданд. Вале азбаски мақомоти марзбонӣ масъули назорат бар иҷрои ин муқаррарот нест, шаҳрвандоне, ки иҷозаи расмии кор надоранд, бо ҳамин роҳ муҳлати ҳузури худро дар Русия "дароз" мекунанд. Ҳол он ки бо гирифтани иҷозаи расмии кор барои онҳо ин сафарҳои пурхатар зарур намешавад.

Ба иттилои расмии мақомоти Тоҷикистон соли гузашта тақрибан ним миллион нафар барои кор ба Русия ва кишварҳои дигар рафтаанд. Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон тобути 966 муҳоҷирро овардаанд, ки як қисми онҳо дар садамаҳо ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG