Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Фармондеҳи амрикоӣ гуфт, чаро Теҳрон “ақибнишинӣ” кард

Фармондеҳони воломақоми нерӯҳои мусаллаҳи Амрико мегӯянд, ирсоли нерӯҳои иловагии амрикоӣ ба Халиҷи Форс боис шуд, ки Теҳрон аз нақшаи ҳамла болои нерӯҳои Амрико даст кашад.

Дар айни замон генерал Френк Маккензӣ таъкид мекунад, ки таҳдид аз сӯи Эрон ҳанӯз ҳам воқеист.

Рӯзи 6-уми июн дар шаҳри Бағдод фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико Маккензӣ дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон иброз дошт ки эҳтимол барои рафъи таҳдиди Эрон сафарбарии нерӯҳои иловагӣ дархост шавад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Таҳсил дар мактабҳои Қазоқистон панҷрӯза мешавад?

Яке аз мактабҳои Қазоқистон.

Вазири маорифи Қазоқистон гуфтааст, эҳтимолан аз соли оянда таҳсил дар мактабҳои миёна панҷрӯза мешаванд.

Ба навиштаи бахши қазоқии Радиои Озодӣ, Асхат Аймагамбетов гуфтааст, ки таҳсили шашрӯза, ки ҳоло ҳаст омӯзгоронро хаста мекунад ва онҳо низ бояд ҳафтае ду рӯзи истироҳат дошта бошанду ба фарзанду оилаҳои худ бирасанд.

Бар ассои баъзе тағйироти дигар дар барномаи таълим дар мактабҳои миёнаи Қазоқистон, мӯҳлати таҳсил дар мактабҳо ду ҳафта зиёд шуда то 31-уми май давом мекунад ва таътили тобистона расо се моҳро дар бар мегирад. Таҳсили шашрӯза дар мактабҳои миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз замони шӯравӣ идома дорад.

ФСБ мегӯяд, ҳашт "ифротгаро" аз Осиёи Марказиро дастгир кардааст

ФСБ ё Хадамоти Федеролии Амнияти Русия иддао кард, ки дар се минтақаи ин кишвар – Маскав, Красноярск ва Новосибирск “ҳашт сокини Осиёи Марказиро боздошт кардаааст”, ки гӯё “узви созмони мамнӯи “Катиба тавҳид в-ал ҷиҳод” будаанд.

Нашрияи “Коммерсант” бо такя ба хабари расмии рӯзи 18-уми августи ФСБ мегӯяд, ин нафарон, ки зоҳиран дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд, гӯё ба ҳамлаи террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург дар соли 2017 даст доранд.

Ба иддаои мақомот, боздоштшудаҳо гурӯҳҳои террористӣ дар Сурияро маблағгузорӣ карда, ба амалҳои террористӣ дар Русия даъват мекарданд. Созмони “Катиба тавҳид в-ал ҷиҳод”-ро ташкилоти террористии вобаста ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” меноманд.

Тасдиқи дурустии иддаои ФСБ ва Кумитаи тафтишоти Русия дар ин замина имкон надорад, дар ҳоле, ки худи таркишҳои пурқурбонӣ дар метрои Санкт-Петербург панҷ сол пеш суолбарангез аст.

Чандин сокини Осиёи Марказиро бо гумони тарҳрезии ин таркиш ба ҷавобгарӣ кашиданд. Дар матбуот ва додгоҳ ба сохтакорӣ шудани он аз ҷониби мақомоти амниятии Русия ва мавриди тӯҳмату бӯҳтон қарор гирифтани худ пойфишорӣ карданд. Бархе гумонбарон ба таври мармуз ба ҳалокат расиданд.

Дар Қрим чаҳор таркиш ба вуқуъ пайвастааст

Михаил Развозжаев дар маҳалли ҳодиса.

Шаби 18-уми август дар наздикиҳои фурудгоҳи низомии Белбеки воқеъ дар минтақаи аз ҷониби Русия ишғолшудаи Қрими Украина дастикам чаҳор таркиш рух додааст.

Михаил Развозжаев, волии аз ҷониби русҳо таъиншудаи Севастопол дар саҳифааш дар Телеграмнавишт, ки нирӯҳои зиддиҳавоӣ як ҳавопаймои бесарнишинро суқут доданд. Ӯ афзуд, ки ин таркиш ҳеҷ хисороте дар пай надоштааст.

Дар худи ҳамин рӯз як мақоми рус дар шаҳри Керчи Қрим гуфт, ки нирӯҳои дифоии ҳавоии дар минтақа фаъол шудаанд. Керч дар хати шарқии Қрим ҷойгир аст ва аз ин нуқта ба қаламравҳои ҷудоиталаби шарқии Украина Русия як пули маъруфи таблиғотиашро сохта аз рӯи он роҳи оҳан ҳам бунёд кард. Мақомот мегӯянд, ки ба шаҳру пул ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад».

Моҳи август чандин макони низомии Русия дар Қрим шоҳиди таркиш шудаанд ва дар ҳоле, ки мақомоти рус инро «иғво» меноманд, Киев расман нагуфтааст, ки дар пушти ин таркишҳо қарор дорад. Вале ба таври ғайрирасмӣ мақомоти украинӣ ба матбуоти амрикоӣ гуфтаанд, ки ин таркишҳоро низомиёни украинӣ ташкил кардаанд.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ҳаҷҷи умра анҷом дод

Шавкат Мирзиёев.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Арабистони Саудӣ маросими Ҳаҷҷи умраро адо кардааст. Дар ин бора рӯзи 19-уми август дафтари матбуоти президент хабар додааст.

Дар изҳороти расмӣ гуфта шудааст, ки Мирзиёев «мутобиқи аркони ислом либоси махсусро ба бар карда, намоз хонд, дуои талбияро ба забон оварда вориди масҷиди Ал-Ҳарам шуд».

Дар баёния омадааст, ба Мирзиёев ифтихори ворид шудан ба Каъбаи муқаддас фароҳам оварда шуд ва ӯ дар дохили он намозашро хонд: "Баъди ин ҳафт маротиба мутобиқи расми тавоф гирди Каъба чарх зада, сипас аз Сафо ва Марва зиёрат кард".

Шаш сол пеш президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам зимни зиёрат аз Арабистони Саудӣ дар масҷиди Ал Ҳарам намоз хонда Ҳаҷҷи умраро ба ҷо оварда буд.

Русияву Тоҷикистон ҳамкориҳои низомӣ ва вазъи Украинаро баррасӣ кардаанд

Николай Патрушев рӯзи 18-уми август бо Насрулло Маҳмудзода гуфтугу кардааст.

Ба иттилои хабаргузориҳои расмии Русия дабирони Шӯрои амнияти Русия ва Тоҷикистон мавзӯи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ дар пасманзари фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро баррасӣ кардаанд. Мулоқоти Николай Патрушев ва Насрулло Маҳмудзода рӯзи 18-уми июл дар Тошканд сурат гирифтааст.

Ҷанги бедалели Русия дар Украина ва вазъи минтақаҳои ҷудоиталаби ин кишвар низ дар меҳвари гуфтугӯҳо будааст. Хабаргузории "Интерфакс" менависад, дар мулоқот «таваҷҷӯҳи вижа ба вазъи Афғонистон ва амиқтар шудани бӯҳрони башарию иқтисодӣ ва фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар равона шуд». Ҷузъиёти сӯҳбатҳо дар бораи ҷанг дар Украинаро нагуфтаанд. Танҳо гуфта шудааст, ки дар мулоқот вазъ дар Украина ва Донетску Луҳанск, ки минтақаҳои ҷудоиталаби мавриди ҳимояти Маскав ба ҳисоб мераванд, баррасӣ шудааст.

Русия шарики стратегии Тоҷикистон аст ва дар хоки ин кишвар пойгоҳи низомии 201-уми он мустақар аст. Дар хабари дигари расонаҳои Русия гуфта мешавад, ки дар машқҳои низомии ахир дар ҳудуди пойгоҳ нирӯҳои мудофеаи зиддиҳавоӣ ба ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини душмани шартӣ муқовимат нишон доданд.

Дар пойгоҳи 201-ум ҳафт ҳазор низомӣ хидмат мекунад. Бар асоси бархе хабарҳо, низомиёни ин пойгоҳ ҳам барои ширкат дар ҷанги Русия дар Украина ҷалб шудаанд.

Гузориш: 71%-и гумонбарони ҳодисаҳои январи Қазоқистон шиканҷа шудаанд

Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Бюрои байналмилалии ҳуқуқи башари Қазоқистон 18-уми август дар Алмато дар бораи ҳуқуқи боздоштшудаҳо дар ҷараёни ҳодисаҳои январ ва баъд аз он гузориши таҳлилиеро онлайнӣ муаррифӣ кард. Тибқи гузориши бюро, 71 дарсади афроде, ки дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ дар Қазоқистон боздошт шудаанд, мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.

Мудири бюро Евгений Жовтис, ки гузоришро муаррифӣ кард гуфт, 83 дарсади вакилони дифоъ аз шиканҷа шудани шахсони зери ҳимояашон шикоят кардаанд ва дар 77 дарсади ҳолатҳо гумонбаронро муайян кардан мумкин буд. Аммо танҳо дар 18 дарсад гумонбарони шиканҷа муайян шуданд", - афзуд Жовтис.

Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз 15 маъмури амниятии қазоқ дар шиканҷа ва усулҳои ғайриқонунии тафтишот гумонбар дониста мешавад. Теъдоди парвандаҳои ҷиноӣ пас аз шикоятҳо аз шиканҷа ба беш аз дусад расидааст. Тибқи омори расмӣ, танҳо шаш гумонбар бар асари шиканҷа ҷон додааст.

Афсари рус ронандаи таксиро баъди баҳси ҷанги Украина парондааст

Додгоҳи низомии гарнизони Ростови лаби Дони Русия як афсар аз вилояти Москваро бо гумони куштори ронандаи таксӣ барои ду моҳ ба ҳабс гирифт.

Ба иттилои хабаргузориҳои "Астра" ва "Информбюро", гумонбар капитани қисми низомии 82717 Алексей Крилови 33-сола ва ронандаи таксии кушташуда Роман Говасари 51-сола аст.

Наздикони ронанда ба хабарнигори "Астра" марги ӯро тасдиқ карданд. Ба гузориши "161.ru", капитан дар сафи нирӯҳои мушакии Русия хидмат мекард ва ба чандин “минтақаи доғ” фиристода шудааст.

Бино ба маълумоти пешакӣ, афсар 15 август дар бораи ҷанги Украина бо як ронандаи таксӣ, ки ӯро мебурд, баҳс карда, сипас аз таппончаи "Макаров" ронандаро чаҳор бор мепаронад. Ронанда дар маҳалли ҳодиса ҷон додааст.

Саудӣ дар Узбекистон бузургтарин неругоҳи бодии ҷаҳонро сохтанист

Вазорати энержии Узбекистон бо Вазорати энержӣ ва ширкатҳои Арабистони Саудӣ се созишномаи бузургро ба маблағи 12 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расондаастд.

Ба огаҳии Вазорати энержии Узбекистон, созишномаи аввал ба сохтмони нерӯгоҳи бодии 1,5 ГВт дар Қароқалпоқистон аз ҷониби ACWA Power рабт дорад. Он бузургтарин нерӯгоҳи бодӣ дар тамоми ҷаҳон хоҳад шуд.

Қарор аст, ин неругоҳ 1 миллиону 650 ҳазор хонаводаро бо неруи барқ таъмин кунад ва аз ихроҷи 2,4 миллион тонна партови карбон дар як сол ҷилавгирӣ кунад.

Созишномаи дувум, ки бо ширкати "ACWA Power and Air Products" имзо гаштааст, ба рушди таҳқиқу коркарди ҳидрогени сабз ва оқибатҳои истеҳсолии он дар Узбекистон равона шудааст.

Вазорати энержии Узбекистон мегӯяд, имзои ин созишномаҳо нишон медиҳанд, ки Арабистони Саудӣ мехоҳад, дар давоми 5 соли оянда дар бахши энержии кишвар 10 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад.

Дар Русия 33 ҳазор мавриди нави СОVID сабт шудааст

Омори зиёд сабаби тавсия барои пушидани ниқоб шуд.

Дар Русия рӯзи 17-уми август 33 ҳазор мавриди сирояти бемории COVID сабт шудааст, ки омори баландтарин дар панҷ моҳи ахир аст.

Афзоиши теъдоди беморон дар ҳафтаҳои гузашта, сабаб шуд, ки мақомот ба мардум пӯшидани ниқоби тиббӣ ва гирифтани ваксинаи такрориро тавсия бидиҳанд.

Теъдоди беморони бистарӣ дар рӯзи 17-уми август бештар аз 3100 нафар будааст. Ба гуфтаи мақомоти Русия, аз замони оғози пандемияи COVID, ки соли 2020 дар ҷаҳон шуруъ шуд, дар ин кишвар 383 000 нафар ҷон додаанд.

Ба қавли мутахассисони мустақил мумкин аст, теъдоди ҷонбохтагон аз ин бемории сироятӣ чаҳор маротиба бештар аз омори расмӣ бошад.

Дар ҳамлаи Русия ба Харков 7 нафар кушта шудаанд

Вилояти Херсон

Низомиёни Украина рӯзи 18-уми август гуфтанд, ҳамлаҳои сарбозони русро дар вилояти ҷанубии Херсон баргардондаанд ва дар натиҷаи ҳамлаҳои Русия ба шаҳри Харков 7 нафар кушта ва 16 тани дигар захмӣ шудаанд.

Олег Жданов таҳлилгари низомии украинӣ, гуфт, неруҳои кишвараш талоши неруҳои Русия барои пешравӣ дар наздикии шаҳраки Билоҳирка дар шимолушарқи Херсон рафъ кардаанд.

Фармондеҳии ҳавзаи ҷанубии неруҳои Украина гуфт, дар натиҷа 29 “таҷовузгар”, мошинҳои зиреҳпӯш ва як анбори аслиҳа маҳв карда шуд. Тасдиқи ин гуфтаҳо аз дигар манобеъ имконнопазир аст. Алексей Арестович, мушовири раиси ҷумҳури Украина гуфт, неруҳои Русия дар баъзе ҳолатҳо пешравии андаке кардаанд.

Шаҳрдори Харкови Украина Игор Терехов гуфт, дар натиҷаи бархӯрдани як мушак ба бинои истиқоматие дар ноҳияи Салтовский 7 нафар, аз ҷумла як кудаки 11-сола кушта ва 16 тани дигар захмӣ шудааст.

Президенти Украина Владимир Зеленский дар Телеграм навишт, ки бино хобгоҳ буд ва ҳамларо "зишт ва таҳқиромез алайҳи мардуми осоишта" номид.

EBRD дар "сабз" шудани иқтисоди Тоҷикистон кумак мекунад

Қароргоҳи Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд

Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд (EBRD) эълон кард, ки барои кумак ба соҳибкорони хурд дар Тоҷикистон 6 миллион доллар кумак мекунад.

Дар баёнияи бонк аз рӯзи 18-уми август омадааст, қарзи мазкур аз тариқи муассисаи молии Имон Интернешнл дода мешавад, ки бештар аз 130 ҳазор муштарӣ ва 27 шуъба дорад.

Қарзи 6 миллион долларӣ барои рушди технологияи безарар барои муҳити зист дар Тоҷикистон будааст ва ба гуфтаи Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд дастрасии хонаводаҳо ва тоҷирони хурдро ба технологияҳои нав беҳтар мекунад.

Бонки мазкур аз замони оғози фаъолияташ дар Тоҷикистон, дар кишвар 153 тарҳро бо арзиши бештар аз 930 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Тоҷикистону Исроил ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд

Хайриддин Усмонзода бо ҳайати ҳукумати Исроил мулоқот кардааст.

Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон рӯзи 17-уми август бо як ҳайати дипломатҳои Исроил ҳамкориҳои байни ду кишварро баррасӣ кардааст.

Бино ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар” дар ҳайати Исроил Симона Халперин, сардори раёсати кишварҳои Авруосиё ва Балкани вазорати корҳои хориҷӣ ва Михал Хершковитс, мудири бахши Осиёи Марказӣ дар вазорат ва Зеавит Бен Хилел, сафири Исроил дар Тоҷикистон шомил будаанд.

Дар мулоқот ба навиштаи “Ховар” вазъи кунунӣ ва ояндаи муносибатҳо ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ тамаркуз кардаанд. Тоҷикистону Исроил аз соли 1992 ҳамкориҳои дипломатиро ба роҳ мондаанд ва ба гуфтаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳаҷми тиҷорат дар соли 2020 тақрибан 480 ҳазор долларро ташкил додааст.

Ҳафтае пештар аз ин Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо як ҳайати фаластинӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва иҷрои тарҳҳои иқтисодиро баррасӣ кард.

Вазорати корҳои хориҷӣ рӯзи 12-уми феврал бо нашри як баёнияи кутоҳи расмӣ гуфт, дар ҷараёни мулоқот бо ҳайати фаластинӣ, ки онро Имод Зуҳайрӣ мудири Оҷонси ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Фаластин раҳбарӣ мекард, “вазъи кунунии Фаластин ва минтақа, ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд.“

Сафири Амрико аз риояти ҳуқуқи инсон дар Бадахшон гуфтааст

Ҷон Марк Поммершайм ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва эҳтиром ба озодиҳои бунёдӣ таъкид кардааст.

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон дар хабарномае гуфтааст, ки сафири ин кишвар бо даъвати мақомоти тоҷик ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кардааст.

Ба гуфтаи сафорат, Ҷон Марк Поммершайм дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ ва сармоягузории “Помир-Инвест 2022” дар Хоруғ, ки рӯзҳои 16-17-уми август баргузор шуд, ширкат кардааст. Сафири Амрико дар Тоҷикистон аз камтарин дипломатҳои кишварҳои ғарбӣ аст, ки пас аз ҳодисаҳои хунини моҳи май дар Бадахшон ба ин вилоят сафар мекунад.

Баъди тазоҳуроти олуда ба хушунат дар моҳи май дар ноҳияи Рӯшон мақомоти тоҷик эълон карданд, ки 16 нафар “узви гурӯҳи ҷиноятиро дар Бадахшон безарар кардаанд ва даҳҳо нафари дигарро боздошт кардаанд. Сокинон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мақомотро дар саркуби бераҳмонаи тазоҳургарон ва қатлу шиканҷаи бегуноҳон муттаҳам мекунад.

Дар хабарномаи сафорат гуфта мешавад, ки сафир бо тарҳҳое, ки Иёлоти Муттаҳида маблағгузорӣ мекунад, шинос шудааст. Нерӯгоҳи барқи обии Себзор, ки беш аз 600 ҳазор нафарро бо барқ таъмин мекунад, Маркази амрикоӣ дар Хоруғ ва технопарки Помир, ки садҳо нафарро ба гуфтаи сафорат, ба шуғлу касбомӯзӣ фаро гирифтааст, аз ҷумлаи чунин тарҳҳо будааст.

Дар хабарномаи сафорат ишора шудааст, ки барои расидан ба ҳадафҳо барои беҳбудӣ “рушди бемонеаи бахши тиҷорат, ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, интернети боэътимод ва расонаҳои мустақил низ ҳаётан муҳиманд.”

Барои ин, ба гуфтаи сафорат, ҷавонон бояд “бидуни тарсу ҳарос, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ” идеяҳои худро пешниҳод кунанд. Аз нимаи моҳи май то охири моҳи июн дар вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон Интернет дастнорас буд.

Дар Гурҷистон ҷорӣ кардани виза барои русҳоро талаб доранд

Беш аз 20 созмони ғайриҳукуматӣ дар Гурҷистон бо нашри як изҳороти муштарак хостори ҷорӣ кардани низоми раводид (виза) барои русҳо шуданд.

Муаллифони изҳорот гуфтаанд, вуруди густардаву беназорати сайёҳони рус ва соҳибкороне, ки барои фирор аз таҳримҳои Ғарб зидди Русия ба Гурҷистон мераванд, ба давлатдории он кишвар хатарҳоеро дар пай дорад.

Созмонҳо бо истинод ба омори расмӣ афзудаанд, ки давоми моҳҳои март ва июли имсол ҳудуди 350 ҳазор шаҳрванди Русия на танҳо ҳамчун саёҳ, балки бо мақсади кору зиндагӣ ба Гурҷистон рафтаанд. Онҳо наздики 4 ҳазор хонаро дар шаҳрҳои Тифлис ва Батумӣ соҳиб шуда, беш аз 6,5 ҳазор корхона боз кардаанд. Ҳудуди 14 ҳазор русиягӣ аллакай ҳаққи иқомат дар Гурҷистонро дарёфт кардааст.

Намояндагони созмонҳо бар инанд, ки вуруди зодагони Русия ба Гурҷистон истиқлоли ин кишварро зери хатар мегузорад. Зеро ба гуфтаи онҳо, Русия метавонад аз теъдоди зиёди русҳо, ки дар ин кишвар муқимӣ шудаанд, истифода карда, бо баҳонаи ҳифзи ҳамватанон нерӯ фиристад.

Кормандони консулгарии Туркманистон дар Истамбул фаъолонро латтукӯб карданд

Назди консулгарии Туркманистон дар Истанбул. Акс аз бойгонӣ.

Кормандони консулгарии Туркманистон дар шаҳри Истамбул фаъолони туркмани муқими Туркияро латтукӯб карданд.

Бино ба иттилои Бунёди Ҳелсинкии Туркманистон, як гуруҳ аз фаъолони туркман бо дастгирии вакилони дифоъ ва ду ҳомии ҳуқуқи турк ба консулгарии Туркманистон дар Истамбул рафта, кушиш кардаанд, ки номаи бозеро ба раисҷумҳури кишвари худ Сардор Бердимуҳаммадов расонанд.

"Вақте вакили дифоъ Гулден Сонмез ва фаъолон аз посбони консулгарӣ хоҳиш карданд, ки яке аз кормандонро барои гирифтани нома даъват кунад, онҳоро ба ҳавлии консулгарӣ роҳ доданд. Сипас 6 корманд аз бинои консулгарӣ берун шуда, фаъолонро таҳқир, дашном ва латукӯб карданд”, - навиштааст бунёд.

Ба гуфтаи масъулони бунёд, дипломатҳои туркман се зан ва ду мардро латтукӯб кардаанд.

Сӯзишвории дизелӣ дар Қирғизистон гаронтар мешавад

Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Тоҷирони нафт дар Қирғизистон гуфтанд, "маҷбур" ҳастанд, ки нархи сӯзишвории дизелиро дар он кишвар боло баранд.

Онҳо дар ҷаласае, ки Хадамоти зиддиинҳисории Қирғизистон 17 август ташкил карда буд, гуфтаанд, корхонаҳои коркарди нафти Русия содироти сӯзишвории дизелиро коҳиш дода, ҳамчунин нархи онро гаронтар кардаанд.

Ба гуфтаи тоҷирони қирғиз, корхонаҳои Русия дар як моҳи ахир нархи яклухтфурӯшии як тонна сӯзишвориро то ба 300 доллари амрикоӣ гаронтар кардаанд.

Нархи сӯзишворӣ ва равғани молиданӣ давоми 1,5 соли ахир дар Қирғизистон тақрибан ду баробар боло рафтааст. Агар дар моҳи январи соли 2021 нархи бензини навъи АИ-92 35 сом буд, ҳоло он ба ҳисоби миёна 62 сом шудааст. Як литр сӯзишвории дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯши пойтахти Қирғизистон ба ҳисоби миёна 71,5-72 сом фурӯхта мешавад.

Дабири кулли Созмони Милал ба Украина меравад

Антонио Гутерреш

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерреш ба Украина сафар мекунад ва рӯзи 18-уми август бояд бо президентони Украина ва Туркия дидору мулоқот кунад. Дар ин сафар ӯ инчунин аз соҳилҳои Баҳри Сиёҳ дидан мекунад, ки аз он ҷо содироти гандуму дигар ғалладонаи Украина аз сар гирифта шудааст.

Стефан Дуйаррич, сухангӯи СММ гуфт, ки президенти Украина Владимир Зеленский бо Гутерриш дар шаҳри Лвов, ғарби Украина мулоқот мекунад ва яке аз мавзӯъҳо баррасии вазъи амниятӣ дар неругоҳи атомии Запорожйе мешавад, ки ҳоло аз ҷониби нирӯҳои Русия ишғол шудааст. Мавзӯи эҳтимоли хатми ҷанг ҳам дар сӯҳбат бо Гутерришу Зеленский матраҳ мешавад.

Баъди нашри хабарҳо дар бораи гулӯлаборони атрофи неругоҳи атомии Запорожйе, ки азимтарин нирӯгоҳи ҳастаӣ дар Аврупо аст, Гутерриш ҳам аз хатари сар задани фоҷеа изҳори ташвиш карда буд. СММ пешниҳод кард, ки метавонад, мутахассисони Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаиро барои кӯмак фиристад, вале Русия нагузошт, ки коршиносони байналмилалӣ ба неругоҳ роҳ ёбанд. Зеленский рузи 16-уми август Русияро дар “терроризми ҳастаӣ” ва Маскав артиши Украинаро дар тирборони атрофи корхона айдор карданд.

Гутерриш рӯзи 20 август инчунин аз кори маркази муштараки ҳамоҳангсозӣ дар Истамбул дидан мекунад, ки масъулияти назорати ҳаракати киштиҳои гандумро аз Украина ба ӯҳда дорад. Президент Раҷаб Тайи Эрдуғон борҳо гуфтааст, ки ба унвони як кишвари узви НАТО метавонад, дар ин низои миёни ду кишвар миёнҷигӣ кунад.

Коршиноси СММ гуфт, рафтори Чин бо уйғурҳо чун "ҷиноят алайҳи башарият" аст

Як фаъоли уйғур дар назди Кохи Сафед. Акс аз 1-уми октябри соли 2020.

Як коршиноси мустақили Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ҳукумати Чин уйғурҳои мусулмон ва дигар ақаллиятҳоро маҷбур мекунанд, ки дар бахши кишоварзӣ ва саноат кор кунанд ва ин амали онҳо метавонад, «ғуломдорӣ ҳамчун ҷиноят алайҳи башарият» арзёбӣ мешавад.

Муносибати табъизомези ҳукумати Чин бо мусулмонҳо, ба вижа уйғурҳо ва ба урдугоҳҳои бозтарбия ҷой кардани онҳоро Иёлоти Муттаҳидаи Амрико «наслкушӣ» номидааст ва Созмони Милал Чинро дар боздоштҳои ғайриқонунӣ ва истисмори уйғурҳо муттаҳам мекунад.

Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Амрико, то 2 миллион уйғуру қазоқҳо ва дигар сокинони вилояти Шинҷон, ки сокинони бумии инҷо ба шумор мераванд, дар боздошгоҳҳо ё урдугоҳҳо ҷой карда шудаанд. Чин иттиҳомҳоро рад мекунад ва мегӯяд, ки ин муассисаҳо барои пешгирӣ аз терроризму ифротгароии динӣ заруранд. Назари онҳое, ки аз ин урдугоҳҳо гузаштаанд, комилан баръакс аст ва онҳо аз фишору таҳдид ва зӯроварӣ бар асоси ангезаҳои сиёсӣ шикоят мекунанд.

Томойя Обоката, гузоришгари вижаи Созмони Милал умури ғуломдории замони муосир дар гузорише, ки 16-уми август нашр шуд, аз вуҷуди ду системаи кори маҷбурии аз ҷониби давлат роҳандозишуда дар Чин сӯҳбат мекунад. Ӯ гуфтааст, ки як низом аз дарсу коромӯзӣ дар марказҳои вижа барои ақаллиятҳои миллӣ иборат аст, ки баъдан таъмин шудан бо корро пешбинӣ мекунад ва системаи дигар барои коҳиши фақр аз роҳи ба кор сафабар кардан иборат аст ва одатан аз рӯи ин барнома кормандон аз деҳот ба минтақаҳои дигар бурда мешаванд.

Ӯ менависад: “Дар ҳоле, ки ин барномаҳо имконияти кору даромадро барои ақаллиятҳои миллӣ таъмин мекунад, гузоришгари вижа маълум кардааст, ки нишонаҳои кори маҷбурӣ дар шеваи иҷрои кор мушоҳида мешавад”. Ӯ ба муҳлати тӯлонии кор, назорати доимӣ, шароити кору зиндагии таҳқиромез ишора мекунад, ки ба навиштааш, мутобиқ ба истилоҳи “ғуломдорӣ чун ҷиноят алайҳи башарият” мебошад.

Обоката гуфтааст, ки айни низоми кор дар Тибет ҳам мавҷуд аст ва аксар вақт “кишоварзон, чӯпонҳо ва дигар коргарони саҳроиву бемаълумот ва бо маоши кам” ба ин гурӯҳ дохил мешаванд.

Моҳи май Мишел Бачелет, масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал дар як сафари камназири шашрӯза ба Чин, аз ҷумла аз Шинҷон дидан кард. Ин сафарро Вашингтон ва дигар кишварҳо чун “сафед кардани ҷиноятҳои ҳукумати Чин” танқид карданд. Қарор аст, Бачелет пеш аз тарки мақомаш дар охири ҳамин моҳ гузоришаш аз ин сафар ба Чинро нашр кунад.

Роҳбари пешини Консули миллии исмоилиёни Тоҷикистонро бозпурсӣ кардаанд

Маркази исмоилиён дар Душанбе

Бино ба гузоришҳо, Шарофат Мамадамбарова роҳбари пешини Консули миллии исмоилиёни Тоҷикистон ба Кумитаи амнияти миллӣ барои бозпурсӣ даъват шудааст.

Дар ин бора се манбаъ рӯзи 17-уми август аз Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва хориҷи кишвар ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Мақомоти амниятӣ дар робита ба даъвати ӯ изҳори назар накардаанд. Як корманди Созмони Оғохон дар хориҷи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, хонум Мамадамбарова рӯзҳои 13 ва 14-уми август ба Кумитаи амнияти миллӣ даъват шудааст, вале аз ҷузъиёти он хабар надод.

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, Шарофат Мамадамбарова пас аз бозпурсӣ раҳо шудааст. Хонум Мамадамбарова дар дастрас нест ва маълум нест, ки мақомот аз дар бораи чӣ пурсидаанд. Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ, Шарофат Мамадамбарова, ду бор ва се солӣ роҳбари Консули миллии исмоилиёни Тоҷикистон ва раиси пешини барномаи «Инсоншиносӣ»-и Бунёди Оғохон дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ будааст.

Сокинони Бадахшон мегӯянд, баъди нооромиҳои моҳи май дар Рӯшон ба пурсиш даъват шудани фаъолони мадании вилоят идома дорад. Рӯзи 29-уми июл ду фаъоли бадахшонӣ Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо дар Маскав нопадид шуданд ва пас аз як рӯз дар наворе, ки шароити сабташ маълум нест, гуфтанд, бо ихтиёри худ ба Душанбе баргаштаанд, то ба суолҳои мақомот посух диҳанд. Аз овардани онҳо ду ҳафта мегузарад, вале пайвандонашон мегӯянд, аз онҳо дараке надоранд.

Раҳбари як шохаи "Барқи тоҷик" барканор шуд

Бинои ширкати "Барқи тоҷик"

Умедҷон Билолзода, директори “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Тоҷикистон, аз мақомаш барканор шудааст.

Қарори барканории ӯро рӯзи 17-уми август Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, имзо кард.

Умедҷон Билолзода моҳи ноябри соли 2020 ба ин вазифа таъин шуда буд.

“Шабакаҳои тақсимоти барқ” як шохаи “Барқи тоҷик” аст, ки ду сол пеш дар пайи таҷдиди ин ниҳод таъсис ёфт.

“Барқи Тоҷик” азимтарин ширкати давлатии энергетикии кишвар аст, вале солҳои тулонист, ки аз чанги қарз раҳо намешавад.

Эмомалӣ Раҳмон муовинони нави вазири умури дохилиро таъйин кард

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми август бо гуруҳи кормандони нави вазорат суҳбат кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури ду қарор, Акбар Насимзода ва Абдураҳмон Муборакқадамзодаро муовинони нави вазири корҳои дохилӣ таъйин кардааст.

Қарорҳои раиси ҷумҳур дар бораи таъйиноти нав дар вебсайти расмии президент рӯзи 17-уми август нашр шуд. Акбар Насимзода то кунун дар мақомҳои гуногуни вазорат ва аз ҷумла сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон як ниҳоди тобеи вазорат, кор кардааст.

Абдураҳмон Муборакқадамзода дар гузашта, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд будааст. Маълум нест, ин ду нафар ҷойгузини кадоме аз муовинони Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон шудаанд. Худи Раҳимзода аз соли 2012, яъне даҳ сол ба ин сӯ сарвари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст.

Вазорати корҳои дохилӣ дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо ин ду муовин ва чанд нафари дигар, ки ба мақомҳои раҳбарии вазорат таъйин шудаанд, аз таъмини суботу амният, мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ғайра суҳбат кардааст.

Тазоҳургарон дар Шаҳрикурд "марг бар Раисӣ" шиор додаанд

Гирдиҳамоӣ дар назди идораи ҳукумат дар Шаҳрикурд

Садҳо нафар аз тазоҳургарон дар вилояти Чаҳормаҳол ва Бахтиёрӣ дар Эрон, ки ба зидди камобӣ дар вилоят эътироз доштанд, “марг ба Раисӣ” шиор додаанд, ки ишора ба номи раиси ҷумҳур Иброҳим Раисӣ аст.

Дар видеоҳое, ки рӯзи 16-уми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, садҳо нафар дар назди бинои ҳукумати вилоят дар маркази он Шаҳрикурд дида мешаванд. Об дар инҷо дар 10 рӯзи гузашта бисёр кам шудааст ва ба мардум фақат бо мошинҳои обкаш об тақсим мекунанд.

Неруҳои амниятӣ ҳам дар байни тазоҳургарон дида мешаванд, аммо ҳеч гузорише дар бораи зӯроварӣ нарасидааст. Агарчӣ камобӣ солҳост дар бисёре аз гӯшаҳои Эрон идома дорад, вале вилояти Чаҳормаҳол ва Бахтиёрӣ аз чанд вақт пеш аз норасоии об бештар ранҷ мекашад. Сабаб ҳам аз шабакаҳои обёрӣ ҷудо кардани чашмаи Куҳранг будааст, ки ба қавли раиси Идораи обу фозилоби вилоят дар натиҷаи сел гилолуд шудааст.

Эътизод Муқимӣ, як намояндаи вазорати энержӣ рӯзи 14-уми август гуфт, мушкилоти тасфияи об дар корхонаҳои поксозии об дар як рӯз ҳал мешавад ва хонаҳои мардум бо об таъмин мешавад. Сокинони вилоят мегӯянд, вазъ аз он рӯз тағйир наёфтааст.

Хабарнигори русро ба тамаъҷӯӣ аз миллиардери Русия муттаҳам мекунанд

Алишер Усмонов.

Хабарнигори "Московский комсомолец" Лев Сперанскийро баъди кофтукоби манзили зисташ рӯзи 16-уми август барои бозпурсӣ ба Кумитаи тафтишотии Русия бурдаанд.

Вакили мудофеи рӯзноманигор хабар дод, ки шахси зери ҳимояаш дар доираи парвандаи тӯҳмат ва тамаъҷӯӣ бозпурсӣ шудааст. Ба гуфтаи худи Сперанский, сухан дар бораи парвандаи таъмаҷӯӣ аз олигархи узбектабори Русия Алишер Усмонов ва шаҳрванди сарватманди Қазоқистон Кенес Ракишев меравад.

Ҳангоми кофтукоби манзил телефон, флешка ва компютери рӯзноманигор мусодира шудааст. Ба ҷуз ин, маъмурони пулис дархости Сперанскийро дар бораи даъват кардани ёрии таъҷилӣ барои зани ҳомилааш рад карда, ба ӯ иҷоза надодаанд, ки бо муҳаррири "Московский комсомолец" ё вакилаш тамос гирад.

Дертар тарҳи "ОВД-Инфо" хабар дод, ки Сперанский раҳо шудааст ва озодии ӯро низ маҳдуд накардаанд. Ӯро дар ҳоли ҳозир ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ кардаанд.

Хатлону Сурхондарё бо арзиши даҳҳо миллион доллар созишнома имзо кардаанд

Мақомоти расмии Узбекистону Тоҷикистон 23 созишномаи ҳамкорӣ дар байни мақомот ва соҳибкорони вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон имзо кардаанд.

Бино ба гузориши хабаргузории давлатии "Ховар", созишномаҳо рӯзи 13-уми август дар ҷараёни Форуми рушди ҳамкории вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё имзо шудаанд. Арзиши созишномаҳои тиҷоратӣ тақрибан 27 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар хабар омадааст, ки аз ҷумла ёддошти тафоҳум ва харитаи роҳ барои ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ имзо шуд ва санаду қарордодҳои имзошуда ба пешрафти иқтисодии вилоятҳои ду кишвари ҳамсоя мусоидат мекунад.

Дипломати рус дар бораи чархболҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон сухан гуфт

Замир Кобулов, масъули сиёсатҳои Русия дар Афғонистон аст.

Як мақоми Русия мегӯяд, Маскав «хостори ин нест, ки тахминан сад чархболу ҳавопаймоҳое, ки соли гузашта низомиёни афғонистонӣ ба Узбекистону Тоҷикистон оварданд, ба Украина роҳ ёбанд». Замир Кобулов, фиристодаи Маскав дар Афғонистон дар ин бора дар сӯҳбат бо хабаргузории давлатии РИА Новости изҳори назар кардааст.

Кобулов дар сӯҳбати ихтисосиаш ба хабаргузории русӣ гуфтааст: «Барои мо муҳим ин аст, ки чархболу ҳавопаймоҳое, ки баъди фирори фармондеҳону низомиёни Афғонистон дар хоки Узбекистону Тоҷикистон мустақар кардаанд, ба Украина роҳ наёбанд. Дар Тоҷикистон тахминан 60 ва дар Узбекистон то 40-50 адад ҳастанд».

Маълум нест, ки заминаи шубҳаву тахминҳои мақоми Русия чӣ аст ва то куҷо ин изҳорот метавонад ба гунае таҳдид ё фишор болои мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад. Низомиҳои афғонистонӣ моҳи августи соли 2021 баъди ғасби Кобул аз тарафи Толибон бо теъдоде аз чархболу ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистону Узбекистон фирор карданд. Толибон хостори бозгардони ин чархболу ҳавопаймоҳо шудаанд, вале ҷавоби рад гирифтаанд.

Моҳи июн Майкл Курилла, сардори Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи Амрико зимни сӯҳбат бо журналистон дар Тоҷикистон гуфт, "бо ин ки Толибон чандин бор таҳдид ва талаб карданд, ки ин ҳавопаймоҳо баргардонида шаванд, онҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон бурда намешаванд, чунки онҳо моли Толибон нестанд". Ӯ тахмин кард, ки шояд "ҳама ваё қисме аз ин ҳавопаймоҳо ба ҳукумати Тоҷикистон дода шаванд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG